Абдуфаттоҳ Аҳмадҷонов
Абдуфаттоҳ Аҳмадҷонов (5.03.1955, д. Кулбаи н. Самарқанди вилояти Самарқанд), иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисод (1984), дотсент (1985).
Таърихи таваллуд | 5 март 1955 (69 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | вилояти Самарқанд ҶШС Ӯзбекистон |
Кишвар | Тоҷикистон Ӯзбекистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишАбдуфаттоҳ Аҳмадҷонов 5 марти соли 1958 дар д. Кулбаи ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Дар факултети иқтисоди УДТ ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст (1972-77). Ассистенти каф. баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагӣ (1977-81), аспиранти Ин.-ути молияи Москва (1981-1984), ассис. (1984), дотсенти (1985-1986), и. в. мудири кафедраи Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷ. УДТ ба номи В. И. Ленин (1986-1993). С. 1994 ба зодгоҳаш шаҳри Самарқанд кӯчидааст. Муал. калони Коллеҷи иқт. Самарқанд (1994-2002). Аз с. 2003 – дек. шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит. Муаллифи чандин рисола дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит, таҳлил ва китоби дарсию дастурамалҳо.[1]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — 184 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6.