Абдуҳамид Пӯлодов
Абдуҳамид Пӯлодов (тав. соли 1903, деҳаи Ҷӯи Даштаки вилояти Самарқанд – ваф. соли 1991, шаҳри Самарқанд), ходими давлатӣ ва ҷамъиятии шӯравӣ. Fввалин директори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Сталинобод
Зиндагинома
вироишСолҳои 1920–1921 дар мактаби шӯравӣ ва ҳизбӣ таҳсил кардааст. Солҳои 1924–1925 дар шуъбаи маорифи шаҳри Самарқанд кор кардааст. Солҳои 1925–1931 дар Донишгоҳи Коммунистии Осиёи Миёна ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1931–1932 ҳамчун аввалин директори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Сталинобод кор кардааст. Солҳои 1932–1934 котиби кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Заҳматобод (ҳозира ноҳияи Айнӣ), с-ҳои 1934–1935 директори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Сталинобод буд. Солҳои дар вазифаи директори донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе кор карданаш ӯ дар анҷумани дуюми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон номзад ба аъзогии КМ ПК(б) Тоҷикистон интихоб шуда буд. Солҳои 1935–1937 ҳамчун директори мактаби Осиёимиёнагии мутахассисони радиошунавонӣ кор кардааст. Соли 1940 шуъбаи ғоибонаи факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Тошкентро хатм намуд. Солҳои 1939–1941 вазифаи директори китобхонаи ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошкентро ба уҳда дошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ афсари собиқ бригадаи тирандозии №89 ба Қизил-Арбат, баъд вилояти Машҳади Эрон фиристода шуд. Соли 1956 директори мактаби сохтмонии шаҳри Самарқанд таъйин гашт. Соли 1961 аз ин вазифа ба нафақа баромад. Ҳамзамон солҳои 1970–1991 дар вазифаи мудири шуъбаи дастхатҳои Шарқии Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд кор кардааст.
Абдуҳамид Пӯлодов дар ҷашни 50-солагии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1981) иштирок намуда, бо омӯзгорон ва донишҷӯён вохӯрӣ гузаронида, аз хотироти худ оид ба фаъолияти донишкада дар аввали солҳои 30-уми асри XX маълумоти муфассал дода буд. Муаллифи як силсила мақолаҳои илмӣ мебошад. Барои хидматҳояш бо унвони фахрии «Ходими шоистаи маданияти Ӯзбекистон» (1977) ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбекистон сарфароз гардидааст.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |