Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ (7 январи 1924 деҳаи Лангарибобои ноҳияи Конибодом18 январи 2007) — шоир ва нависандаи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1997). Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи А.Фадеев. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1947)

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ
Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ
Таърихи таваллуд: 7 январ 1924(1924-01-07)
Зодгоҳ: деҳаи Лангарибобои ноҳияи Конибодом
Таърихи даргузашт: 18 январ 2007(2007-01-18) (83 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир ва нависанда
Жанр: шеър, драма
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Шоири халқии Тоҷикистон (1997), Ҷоизаи ба номи А.Фадеев
Ҷоизаҳо: Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ» Шаблон:Ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Дараҷаи I)

Зиндагинома

вироиш

Пас аз хатми омӯзишгоҳи педагогӣ муддате омӯзгор буд. Соли 1942 ба ҳимояи Ватан рафта, дар муҳорибаҳои шадиди назди шаҳри Орлов ва дар озодкунии шаҳри Витебск мардонавор ҷангид. Соли 1944 бо бардошти ҷароҳати вазнин ба зодгоҳаш баргашта, чун котиби масъули рӯзномаи ноҳиявӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Баъдтар дар рӯзномаи "Тоҷикистон советӣ" чун мудири шӯъба ва муҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Машъал" хидмат кардааст. Соли 1958 факултаи рӯзноманигории мактаби олии ҳизбиро хатм намуд ва дар мақомоти давлатӣ, директори нашриёти "Ирфон", ҷонишини якуми раиси ҷамъияти китобдӯстони ҷумҳурӣ кор кард. Қаҳҳорӣ аз соли 1940 ба майдони адабиёт ворид шуда, пийесаи нахустинаш "Қаҳрамони ҷавон" соли 1942 эҷод шудааст. Қаҳҳорӣ шоири ҷанговар буда, навиштаҳояш ғояҳои ватандӯстӣ, озодихоҳӣ ва ишқу муҳаббатро тараннум мекунанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии барои наврасону калонсолон эҷодшудаи «Гули баҳор» (1959), «Шукуфаҳои аз хун дамида» (1970), «Гули шом» (1982), «Машъалафрӯз» (1987), «Минбари шоир» (1988), «Ашки ширин» (1995), достонҳои «Гуфтугӯ бо меҳмон», «Қиссаи пахта», (1958), «Писарчаи ҷаҳондидаи ман» (1959), «Шаби пеш аз марг» (1965), «Шаҳиди зинда» (1985), «Қиссаи нави «Юсуфу Зулайхо» (1988) ва ғ. мебошад. Силсилаи ашъори «Оҳангҳои дӯстӣ» (1964) натиҷаи таассуроти шоир аз сафари Афғонистон аст. Достони «Шаби пеш аз марг», ки ба тавсифи корномаи ҷангии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов ихтисос ёфтааст, соли 1965 дар Маскав ба забони русӣ ҳам чоп шудааст.Асарҳои мансураш дар китобҳои «Гардиши айём» (1982), «Конибодом» (1999) ва «Умри ғанимат» (2000) ба табъ расидаанд. Драмаҳои ӯ «Қаҳрамони ҷавон» (1942), «Дили оташин» (1948), «Шамшер ва рангинкамон» (1974), «Таркиш» (1975), «Шайтон» (1980) ва ғ. солиёне дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шуда, бархе дар китоби «Таркиш» (1984) фароҳам омадаанд. Тарҷумаҳои русии ашъораш дар маҷмӯаҳои «Песни радости» (1959), «Солнце в чемодане» (1986), «В смерте рождённая любовь» (1990), «Колыбель» (1990) ва рӯзномаву маҷаллаву маҷмӯаҳои зиёди русизабон интишор ёфтаанд.[1] Китобу намунаҳои ашъораш, бар замми русӣ, ба забони аксари халқҳои шӯравӣ, шеърҳои алоҳидааш дар Эрону Афғонистон, Фаронсаву Инглистон, Чехословакияву Булғористон, Финлонду Лаҳистон ва диг. мамолики ҷаҳон ба табъ расидаанд. Китобҳои ашъораш ба русӣ, узбекӣ, озарӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳо нашр шудаанд. 18 январи соли 2007 аз олам даргузашт.

Ҷоизаҳо

вироиш

Шоири халқии Тоҷикистон (1997), дорандаи ҷоизаи ба номи А.Фадеев, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи I), Байрақи Сурхи Меҳнат, Нишони фахрӣ ва медалу ифтихорномаҳо.

Аз ашъори шоир

вироиш

ХАНДА

Шуста бурдаст хандаро бо худ

Як замон ашк аз рухи инсон.

Хушк гаштаст буттаи гул ҳам,

Чун расидаст қатрае аз он.

Ханда рафтаст чанд вақт аз ёд,

Ҳамраҳаш бӯи гул, шукуфтани гул,

Гум намудаст қадр дар олам,

Ҳусн беханда, бе гулу булбул.

Як саҳар офтоб сӯи замин

Партав афканда боз хандидаст,

Карда боло зи хок гул сари худ,

Хандаи офтобро дидаст.

Лаб кушодаст гул ба хандидан

Карда тақлиди хандаи хуршед,

Ногаҳон қоҳ-қоҳ хандидаст

Дида инсон варо ба чашми умед.

Аз ҳамон вақт хандаи инсон,

Мисли хуршед пурҳарорат шуд,

Бишкуфад кас чу ғунча аз ханда,

Ханда гул гашт, пурлатофат шуд.

Намунаи осор

вироиш
  • Асарҳои мунтахаб [Матн]. - Душанбе, 2007.- Ҷ.1. Назм. - 296 с.
  • Асарҳои мунтахаб [Матн]. - Душанбе, 2007. - Ҷ.2. Наср. - 305 с.
  • Асарҳои мунтахаб [Матн]. - Душанбе, 2007. - Ҷ.3. Драмаҳо. -312 с.
  • Суруди бахт [Матн]: Маҷмӯаи шеръҳо. - Сталинобод,1948. -56 с.
  • Гули баҳор [Матн]: Шеърҳо. - Сталинобод, 1960. - 126 с.
  • Песни радости [Матн]: Стихи. - Душанбе, 1961. - 106 с.
  • Шаби пеш аз марг [Матн]: Достон. - Душанбе, 1964. - 39 с.
  • Оҳангҳои дӯстӣ [Матн]: Шеърҳо. - Душанбе, 1965. - 137 с.
  • Шукуфаҳои аз хун дамида [Матн]: Маҷмӯаи шеърҳо. - Душанбе,1968. - 207 с.
  • Илҳом [Матн]: Маҷмӯаи шеърҳо. - Душанбе, 1972. - 46 с.
  • Аз паси ситораи паррон [Матн]: Хотираҳои ҷангӣ. - Душанбе,1973. - 64 с.
  • Дилҳои пурошӯб [Матн]: Маҷмӯа. - Душанбе, 1974. – 159 с.
  • Рангинкамон [Матн]: Шеърҳо ва драмаҳо. - Душанбе, 1974. - 336 с.
  • Таркиш [Матн]: Песаҳо. - Душанбе, 1981. - 192 с.
  • Гардиши айём [Матн]: Намунаҳо аз асарҳои насрӣ. - Душанбе,1982. - 96 с.
  • Гули шом [Матн]: Маҷмӯа. - Душанбе, 1984. - 336 с.
  • Шоҳиди зинда [Матн]: Достонҳо. - Душанбе, 1985. - 48 с.
  • Машъалафрӯз [Матн]: Шеъру достонҳо. - Душанбе, 1987. - 176 с.
  • Қиссаи нави Юсуф ва Зулайхо [Матн]: Шеърҳо ва очеркҳо. - Душанбе, 1988. – 240 с.
  • В смерте рожденная любовь [Матн]: Стихи. - Душанбе, 1989. -109с.
  • Колибель [Матн]: Стихи. - Душанбе, 1990. - 89 с.
  • Умри ғанимат [Матн]: Хотираҳо. - Душанбе, 2000. - 128 с.
  • Аҷаб дунёе… [Матн]: Романи ёддоштӣ. - Душанбе, 2003. - 128 с.
  • Солнце в чемодане [Матн]: Стихи. - Москва, 1986. - 132 с.
  • Гулгашти назм [Матн]: Маҷмӯа. - Душанбе, 2006. - 255 с.

Адабиёт доир ба Абдуҷҷабор Қаҳҳорӣ

вироиш
  • Абдуҷҷабор Қаҳҳорӣ [Матн]: Нишондиҳандаи адабиёт. - Душанбе, 1984. - 36 с.
  • Амонов, Р. Тантанаи ҳаёт бар марг [Матн]: Дар бораи достони «Шаби пеш аз марг» // Комсомоли Тоҷикситон.- 1965.- 3 ноябр.
  • Бобоҷон, А. Ҷӯяндаи фикрҳои бикр [Матн]: Дар бораи ҳаёти давраи ҷангии шоир ва мавзӯъи ватандӯстию қаҳрамонӣ дар эҷодиёти ӯ // Комсомоли Тоҷикистон.- 1966.- 26 октябр.
  • Наҷмиддинов, М. Соҳиби ду маҳорат [Матн] // Маориф ва маданият.- 1966.- 24 сентябр.
  • Худойдодов, Б. Шоистаи мукофот [Матн] // Маориф ва маданият.- 1965.- 5 октябр.
  • Турсунзода, М. Молодость тысячилетней литературы [Текст]:Творчества А.Каххори // Литературная газета.- 1964.- 28 ноября.
  • Бобоҷон, А. Қаҳҳорӣ Абдуҷаббор [Матн] // Энсиклопедияи Советии Тоҷик.- Душанбе,1988.- С.297. Қаҳҳорӣ Абдуҷаббор //Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотнома. - Душанбе: Адиб, 2003. - С.238.
  • Ҷонон Икромӣ. Адиби ҷанговар ва инсони наҷиб [Матн] //Истиқбол. - 2010. - №3. - С.75 – 86[2]