Абобил
Абобил (форсӣ: ابابیل) — аз паҳподҳои артиши Эрон, ки имконияти бурди маводди мунфаҷира ва инчунин худинфиҷориро дорад. Шуҳрати бештари он ба далели парвоз бар фарози нови Винсенниси неруҳои дарёии Амрико мебошад. Абобил 2 дорои бурди амалиётии 100 то 150 километр, мудовимати парвозии 75 то 120 дақиқа, иртифоъи парвози тақрибан 4 ҳазор м ва суръати зиёда аз 250 километр дар соат мебошад.[2][3]
Кишвар | |
---|---|
Ихтироъкор | Саноеъи ҳавоии Қудс[d] |
Парвози аввал | 1986[1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишТарҳи Абобил пас аз гузарондани мароҳили таҳқиқотӣ дар 25 сентябри 1986 ба манзури тавлиди анбӯҳ ба саноеъи ҳавопаймосозии Эрон мунтақил шуд. Ин паранда бо таваҷҷуҳ ба шароит ва заруратҳои замони ҷанг то соли 1989 ба сурати ғайристондорт ва якбормасраф бо қобилияти ҳамли 40 килограм маводди мунфаҷира тавлид гардид. Аз соли 1990 бо таваҷҷуҳ ба ниёзмандиҳои ҷадиди неруҳои мусаллаҳ, иқдом ба тарроҳии дубораи тамоми бахшҳои болу бадана, сомонаҳои новбарӣ ва ҳидояту контроли ин паҳпод шуд ва аз соли 1991 ин ҳавопаймо дар хатти тавлиди анбӯҳ қарор гирифт ва имрӯза ҳавопаймои бидуни сарнишинии стандарт ва чандбормасраф аст.
Намунаҳои ҷадиди он муҷаҳҳаз ба сомонаи 123 (пойдоркунандаи худкор) ва ҷипиос (JPS) аст. Ин сомона дорои қобилитҳои гуногун аст, аз ҷумла парвози осон бо эминии бештар тавассути халабон ғайриҳирфаӣ (дар бурди баланд ва кӯтоҳ), бархости худкор ва фуруди нимахудкор, барномарезӣ ва ҳидояти рӯйи як масири дилхоҳ ба кумаки сомонаи новбарии ҷаҳонӣ, имкон қатъ кардани иртиботи пойгоҳ бо паҳпод, ирсоли иттилоот аз паҳпод ба пойгоҳ, андозаи кунҷҳои авҷгирӣ ва ғалт, миқдори сӯхт, велтожи ботриҳо, иртифоъ, суръати паймоиш ва чанд канали озод.
Исроил муддаӣ аст, ки «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон дасти кам дувоздаҳ паҳподи Абобилро пеш аз ҷанги соли 2006 дарёфт кард ва се тои онро ҳам дар ҷараёни даргириҳо ба самти Исроил равона кард, ки ҷитҳои исроилӣ пеш аз онки ҳар гуна хисорате тавассути ин паҳподҳо ворид шавад, онҳоро безарар карданд.[4]
Тавлид дар Тоҷикистон
вироишКорхонаи тавлиди паҳподи Абобил-2 тавассути мутахассисони саноеъи дифоъи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ бо ҳузури сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ ва Шералӣ Мирзо вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъе аз фармондеҳони олирутбаи кишвари Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.[5][6][1] Бойгонӣ шудааст 19 май 2022 сол.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://rasanah-iiis.org/english/wp-content/uploads/sites/2/2019/05/THE-ADVENT-OF-DRONES-IRAN%E2%80%99S-WEAPON-OF-CHOICE-1.pdf
- ↑ دُر دری : فصلنامه ای در افق فرهنگ مشترک افغانستان، ایران و تاجکستان. Afghanistan Centre at Kabul University. 1997.
- ↑ Edward Walbridge. Drone-Drone Collisions Over New York City. dx.doi.org (5 августи 2020). 24 май 2022 санҷида шуд.
- ↑ Ephron, Henry. American National Biography Online. Oxford University Press. 2000-02. Check date values in:
|date=
(help) - ↑ Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. www.asiaplustj.info. 24 май 2022 санҷида шуд.
- ↑ افتتاح خط تولید پهپادهای نظامی ایران در تاجیکستان(форсӣ). صدای آمریکا. 24 май 2022 санҷида шуд.