Абреже (франс. abrege – баёни мухтасар) – номгӯи ҷанбаҳои асосӣ ва ё зерсарлавҳаҳои матн, ки баъд аз сарлавҳа дар оғози матн ҷой дода мешавад. Мухтасарбаёнӣ, асосан, ба мақсади ҷалби хонанда ба мутолиаи матн истифода шуда, барои интихоби қисматҳои зарур ба ӯ ёрӣ мерасонад.[1]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 6. ISBN 978-999-47-43-37-7