Абубакр Раҷабов
Абубакр Ашурович Раҷабов (тав. 31.07.1982, н. Шаҳринав), забоншиноси тоҷик. номзади илмҳои филология (2021).
Абубакр Раҷабов | |
Таърихи таваллуд | 31 июл 1982 (42 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Шаҳринав ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишАбубакр Раҷабов солҳои 2000-2005 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети шарқшиносӣ, шуъбаи забони арабӣ таҳсил намудааст. Солҳои 2007-2011 ассистенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2011-2013 методисти шуъбаи ѓоибонаи факултети филологияи тоҷик, ассистенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, аз соли 2013 то инҷониб ассистент, баъдан аз соли 2018 муаллими калони кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Рисолаи илмиро зери унвони «Хусусиятҳои овоӣ ва сохторию маъноии калимаҳои иқтибосии арабӣ дар гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» бо роҳбарии д.и.ф., узви вобастаи АМИТ, профессор С.Раҳматуллозода дифоъ намудааст (2021). Муаллифи 10 мақолаи илмӣ аст.
Осор
вироиш- Баъзе вижагиҳои сарфии вожаҳои иқтибосии арабӣ дар лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ // Паёми ДМТ, серияи филологӣ. Д., 2017. – № 4/4. – С. 88-93;
- Мавқеи овозҳои айн [ ع [ ва [ ح [ дар калимаҳои арабии шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ (маҷаллаи илмӣ). Д., 2018, №4, (76). – С. 90-94;
- Вожаҳои сохта ва мураккаби арабӣ дар лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ // Паёми ДМТ, серияи филологӣ. Д., 2019.– № 1. – С. 99-104;
- Корбурди муродифоти арабӣ дар лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ / А. А. Раҷабов // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ (маҷаллаи илмӣ). Д., 2020, №4(87) – С. 107-115 ва ғ.