Абузабӣ (ар. ابوظبي‎) — пойтахти Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва номи аморати алоҳида дар маркази мамлакат.

Шаҳр
Абузабӣ

ар. ابوظبي
Абу-Даби (Abu Dhabi) - panoramio (1).jpg
Парчам
Парчам
Кишвар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Координатаҳо 38°24′23″ с. ш. 68°47′11″ в. д.HGЯO
Роҳбар Mohammed bin Zayed Al Nahyan[d]
Аҳолӣ 560 нафар (2007)
Коди телефон 00971
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Абузабӣ дар харитаи
Абузабӣ
Абузабӣ

Абузабӣ дар соҳили халиҷи Форс, дар ҷазираи ҳамном, ки бо қитъа тавассути сарбанд мепайвандад, ҷойгир аст. Аҳолиаш 560 ҳазор нафар (2007). Абузабӣ бандар ва аэропорти байналхалқӣ дорад. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар Абузабӣ Бурҷи соат ва қалъаи Ал-Ҳусн боқист. Маркази тиҷорат, нақлиёт ва танзими истихроҷи нефти мамлакат. Бонки исломии Абузабӣ бузургтарин бонк дар ҷаҳон аст. Дар Абузабӣ корхонаҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва пластмасса, заводҳои коркарди нефт, семент, коргоҳи киштисозӣ, донишгоҳ, палатаи савдо ва саноат мавҷуданд. Ҳар сол дар Абузабӣ Намоиши байналхалқии силоҳ баргузор мешавад. Меҳмонхонаи «Байнуна Ҳилтон Тауэр» баландарин бинои Абузабӣ (165 м) мебошад.