Абулқосими Бармакӣ

Абулқосими Бармакӣ (форсӣ: ابو القاسم برمکی‎), Аббос ибни Муҳаммад (? — 998/999) — вазири дарбори Оли Сомон дар аҳди амир Абулҳорис Мансур ибни Нӯҳ (ҳукмр. с-ҳои 997—999).

Абулқосими Бармакӣ
форсӣ: ابو القاسم برمکی
вазири дарбори Оли Сомон
Даргузашт 998(0998)
Бухоро

Зиндагинома

вироиш

Дар бораи вазирии Абулқосими Бармакӣ иттилооти кофӣ дар даст нест. Аз нисбааш маълум аст, ки насаб аз хонаводаи маъруфи Бармакиён дорад. Ҳангоме ки амир Мансури Сомонӣ ба хотири вазир Барғашӣ бо Фоиқ дуруштӣ намуд, бузургони Бухоро барои ислоҳи равобити Мансур ва Фоиқ, вазир Барғаширо бо маслиҳат ба Ҷузҷон фиристоданд ва вазоратро ба Абулқосими Бармакӣ доданд. Абулқосими Бармакӣ саъй карда то аз таназзули давлати Сомониён ҷилавгирӣ намояд, вале муваффақ нашудааст. Ӯро муаррихон ба унвони марди фозил ва аммо бахил тавсиф кардаанд. Чунончи, гуфта шудааст, ки вай дар пардохти атоё ва мавоҷиби дарбориён сахтгириҳои аз ҳад зиёд менамуд ва бад-ин иллат ғуломони турк ӯро ба қатл расондаанд.

Адабиёт

вироиш
  • فرای ر. ن. سامانیان. // تاریخ ایران از ظهور اسلام تا امدن دولت سلجوقیان. از فروپاشئ دولت ساسانیان تا امدن سلجوقیان/ مترجم حسن انوشه. انتشارات امیر کبیر. تهران، ۱۳۸۰؛
  • ناجی محمد رضا. فرهنگ و تمدن اسلامی در قلمروی سامانیان. انتشارات امیر کبیر. تهران، ۱۳۸۶ هـ.

Сарчашма

вироиш