Абулқосими Бонҷин
Абулқосими Бонҷин (форсӣ: ابوالقاسم بانجین), ё Булқасм ибни Бонҷин (форсӣ: بلقسم بن بانجین; ? — 935, Исфаҳон) — сипаҳсолори Оли Зиёр дар замони Мардовиҷ, ҳокими Табаристону Гургон.
Ибни Асир номи ӯро ба гунаи «Булқасм ибни Бонҷин» меорад[1]. Мардовиҷ, к и с олҳои 927-935 ҳукмронӣ кардааст, нахуст фармондеҳи лашкари Асфор ибни Шерӯя - ҳокими Гургон аз ҷониби Наср и. Аҳмади Сомонӣ буд, вале дар соли 928 бар Асфор хуруҷ кард ва ӯро кушт. Пас аз чира шудан бар Қазвин, сӯи Рай рафт, сипас ҳамадон, Канговар, Динавар, Яздгирд, Қум, Кошон, Исфаҳон в а ш аҳрҳои дигарро ба зери тасарруфи хеш даровард. Чун нерӯманд шуд, ба тамаллуки Табаристону Гургон тамаъ кард ва ин ду дар дасти Мокон ибни Кокӣ буд. Бар Мокон лашкар кашид ва пирӯз гашт. Мокон ба Хуросон гурехт.
Мардовиҷ Абулқосими Бонҷинро дар он сарзамин амир таъйин кард. Ибни Асир ӯро далеру некрой ва хирадманд тасвир мекунад[1]. Мардовиҷ худи ҳамон сол Гургонро низ ба тасаллути хеш медарорад ва ҳокимияти онро ҳам ба Абулқосими Бонҷин вомегузорад. Мардовиҷ пас аз он ба Исфаҳон бармегардад. Абулқосими Бонҷин дар соли 935 ба таври фоҷиавӣ ҳалок мешавад. Ӯ барои чавгонбозӣ аз Гургон беруни шаҳр мебарояд ва аз асп афтода ҳалок мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абулқосим ибни Бонҷин / Н. Ғиёсов // Донишномаи Сомониён ҷ. 1. — Х. : Нури маърифат, 2008