Абумуҳаммади Ғандобӣ

Абумуҳаммад Умар ибни Аҳмад Ғандобии Марғинонӣ (форсӣ: عمر بن احمدبن ابی حسن بن حسن غندابی مرغینانی‎; 1092, Ғандоб — ?) — муфассир, фақеҳи ҳанафӣ ва яке аз саромадони фиқҳ дар Самарқанд.

Абумуҳаммади Ғандобӣ
Иттилооти инфиродӣ
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Бо тахаллуси Фарғонӣ шинохта шудааст. Илми фиқҳро дар назди қозӣ Маҳмуди Узҷандӣ омӯхтааст. Дар Балх аз Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳусайни Саманҷонӣ, Абуалӣ Исмоил ибни Аҳмади Байҳақӣ, Абубакр Муҳаммад ибни Абдурраҳмони хатиб ва дигарон ҳадис шунидааст. Самъонӣ дар Самарқанд аз ӯ истимои ҳадис кардааст. Нисбаи ӯ аз Ғандоб — яке аз маҳаллаҳои шаҳри Марғинон гирифта шудааст.

Адабиёт

вироиш