Абумуҳаммад Абдуллоҳ Таййиби Бомахрама
Абумуҳаммад Абдуллоҳ Таййиб ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмад (1466—1540) — адиб, фақеҳ ва таърихнигор.
Абумуҳаммад Абдуллоҳ Таййиби Бомахрама | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муаррих |
Таърихи таваллуд: | 1465[1][2] |
Таърихи даргузашт: | 1540[1][2] |
Падар: | Q107703681? |
Фаъолияти динӣ |
|
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишШогирдони бисёре тарбия кардааст. Ба қавле, бинобар тангдастӣ ва аёлмандӣ аз ноилоҷӣ муддате мансаби қазои Аданро пазируфт ва чанде муфтии Адан буд. Дар боби таърихи Адан ва шарҳи аҳволи бузургон, аз ҷумла донишмандону амирони он китобе иборат аз ду қисм ба номи «Таъриху-с-суғури Адан» таълиф кардааст, ки аз муҳимтарин ва муътабартарин осори таърихнигории маҳаллӣ ба шумор меравад. Асари дигари ӯ «Қилодату-н-наҳри фӣ вафаёти аъёни-д-даҳр» шомили шарҳи аҳволи иддае аз шахсиятҳои маъруф аз нахустин солҳои ҳиҷрӣ то соли 927 ҳ. қ. буда, то андозае китоби «Миръоту-л-ҷинон»-и Ёфеъиро такмил бахшидааст. «Муштабаҳу-н-нисба ила-л-булдон»-и ӯ (бо номҳои «Асмоу-л-булдон» ва «ан-Нисбату ила-л-мавозиъ ва-л-булдон» низ ёд мешавад) китобест дар баёни мансубон ба шаҳрҳо. Муаллиф сабаби таълифи онро нопайдо будани асари ҷомеъе дар ин замина арзёбӣ кардааст. Аз осори ёфтнашудаи ӯ ба «Асмоу риҷоли муслим», шарҳи «ат-Танбиҳ»-и Абуисҳоқи Шерозӣ, шарҳи «Саҳеҳ»-и Муслим метавон ишора кард.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 https://data.cerl.org/thesaurus/cnp01390192 (ингл.) — Consortium of European Research Libraries.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Бомахрама / С. Маҳмадуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.