Абутаййиб Афифуддин Абдуллоҳи Бомахрама

Абутаййиб Афифуддин Абдуллоҳ ибни Аҳмади Ҳимярии Шайбонӣ (1430—1498) — фақеҳ ва адиб.

Абутаййиб Афифуддин Абдуллоҳи Бомахрама
Иттилооти инфиродӣ

Фаъолияти динӣ
Вироиши Викидода

Бинобар дониши густарда ва сароҳати гуфтор мавриди алоқа ва эҳтироми оммаву хосса, аз ҷумла сарсилсилаи тоҳириёни Яман Алӣ ибни Тоҳир қарор гирифта буд. Бо хоҳиши вай мансаби қазо (қозигӣ)-и шаҳри Аданро бо қайди баъзе шартҳо пазируфт, лекин дар ин мансаб чанд моҳе фаъолият карду аз роҳи дарё ба шаҳри Шиҳр фирор кард ва сипас аз он ҷо ба ватани худ паноҳ бурд. Саранҷом Алӣ ибни Тоҳир узри Абутаййибро пазируфт ва ӯро ба Адан баргардонд. Ӯ дар Адан то охири умр ба кори илмӣ машғул гашт; дар ҳамон ҷо даргузашт ва дар шафати оромгоҳи устодаш Бошкил ба хок супурда шуд. Абутайиб дар мавзӯъҳои гуногун таълифот дорад. Аз ҷумла, «ал-Фатово» дар фиқҳ; «Умнияту-т-томеъ» дар ҷабр ва муқобала; шарҳе бар «ал-Мулҳа»-и Ҳарирӣ; нақде бар «Ҷомеъу-л-мухтасарот»-и Насоӣ; нақде бар «Алфия»-и Ибни Молик; инчунин рисолаҳое дар илми ҳайъат.

Абумуҳаммад Абдуллоҳ Таййиб ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмад (1466—1540), адиб, фақеҳ ва таърихнигор.

Адабиёт

вироиш