Абӯнасри Хонанда
Абӯнасри Хонанда (Абӯнасри Мутриб) – сароянда, мусиқидони маъруфи замони Сомониён (819-1005),
Абӯнасри Хонанда | |
Таърихи таваллуд | 889 |
Зодгоҳ | ш. Марв |
Таърихи даргузашт | 961 Бухоро |
Пеша(ҳо) | сароянда ва мусиқишиноси тоҷик |
Зиндагинома
вироишдар санъати шеър ва мусиқӣ ҳофизаи қавӣ ва хоссе дошт. Асосҳои назарии мусиқиро назди устод Абӯлаббоси Бахтиёр (в. 920) омӯхт. Дар иҷрои достонҳои қаҳрамонӣ ва ҳамосӣ истеъдоди беназир дошт ва дар ҳунари иҷроӣ мӯътақиди сабки қадимии мардумони эронӣ («тариқату-л-аҷамия-сабки аҷамӣ») буд. Дар тазмини «Хусравониёт»-и Борбад маҷмӯъи нави «Суруди форсӣ»- ро эҷод менамояд. Дар овозхонӣ аз ифодаҳои мураккаби авҷӣ истифода кардааст ва бад-ин сабаб ӯро устодаш Абӯлаббоси Бахтиёр «Бӯнасри зилхон» ном бурдааст. Аз шогирдони машҳури Абӯнаср Анда-леби Хонанда (в. 1038) аст.[1]
Адабиёт
вироиш- Байҳақӣ Абӯлфазл, Таърихи Байҳақӣ. – Теҳрон, 1348;
- Байхаки, История Масуда. – Москва, 1966;
- Фарҳанги мусиқии Эрон. – Теҳрон, 1376.
Нигаред
вироишСарчашма
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. – соли 19 ISBN 978-99947-49-13-3