Абӯтаййиби Сарахсӣ
Абӯтаййиби Сарахсӣ - аз шоирони даврони Сомониҳо будааст. Саид Нафисӣ ӯро аз шоирони гумноми Оли Сомон донистааст. Дар бораи ӯ маълумоти дигар ба ҷуз он, ки се байт дар Маҷмаулфусаҳо омада, чизе дар даст нест; он байтҳо ин аст:
- Эй подшоҳи рӯйи замин, давр аз они туст,
- Андешаи тақаллуби даврон куну замон.
- Бехе нишон, ки давлати боқӣ-т бор диҳад,
- К-ин боғи умр гоҳ баҳор аст гоҳ хазон.
- Чун ком ҷовидон мутасаввир намешавад.
- Хуррам касе, ки зинда кунад ном ҷовидон.
Адабиёт
вироиш- Донишномаи Рӯдакӣ, саҳ. 63., Ҷилди 1. Душанбе 2008
- Аҳвол ва ашъори шоирони бедевони қарнҳои 3-4-5 ҳ.қ., тасҳеҳи Маҳмуди Мудаббирӣ Т., 1370
- Маҳмуди Мудаббирӣ Омори ашъор ва шоирони порсигӯ то поёни қарни 5-ҳ. дар маҷал.
- Номаи Пажӯҳишго, шумораҳои 8-10, Душанбе 2005
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукури Абдусаттор, Душанбе 2007