Авенир Воронов
Авенир Аркадевич Воронов (15 (28) ноябри 1910, Ораниенбаум, губ. Санкт-Петербург — 17 октябри 1992, Маскав) — олими шӯравӣ дар соҳаи назарияи идоракунии автоматӣ. Академики АИ ИҶШС (1970).
Таърихи таваллуд | 15 (28) ноябр 1910 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 октябр 1992 (81 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | control engineering[d], automatic control[d][1], research and development[d][1] ва informatics[d][1] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти политехникии ш. Ленинград (1938). Аз соли 1939 то 1946 хидмат дар сафи Артиши Сурх. Аз соли 1946 устоди Омӯзишгоҳи олии техникии Маскав ба номи Бауман, аз соли 1948 корманди Институти автоматика ва телемеханика (ҳозира Институти муаммоҳои идоракунӣ), 1955-64 муовини директори Институти электромеханикаи АИ ИҶШС, аз солҳои 1964-70 директори Институти масоили идоракунӣ, аз соли 1970 директори Институти автоматика ва масоили идоракунии Маркази илмии АИ ИҶШС дар Шарқи Дур. Солҳои 1958-64 дар Институти политехникии Ленинград ва аз соли 1966 дар Институти радиотехника, электроника ва автоматикаи Маскав дарс медод. Аз соли 1980 ба Институти таҳлили системавии АИ Русия (ВНИИСИ) баргашта, шуъбаи информатика, техникаи ҳисоббарор ва автоматикунониро таъсис дод. Авенир Воронов усулҳои таҳқиқи динамикаи равандҳоро дар системаҳои хаттӣ ва ғайрихаттӣ пешниҳод ва усулҳои синтези таҷҳизоти ҳисобкунии рақамиро барои идоракунии барномавӣ таҳия кард; якҷо бо шогирдон усулҳои басомадии моделониро, ки барои интихоби мувофиқи системаҳои коркарди иттилоот имкон медиҳанд, инкишоф дод.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти ленинӣ (1988). Бо ордени Байрақи Сурх ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- Основы теории автоматического управления, М., 1981;
- Теория автоматического управления, М., 1986;
- Оптимизация структур данных в АСУ, М., 1988.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Воронов Авенир Аркадевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.