Авлод
Авлод (ар. اولاد — ҷамъи валад, маънояш фарзандон) — ҷамъияти хешони ҳамхун мебошад, ки дар ҷомиаи суннатии тоҷикон ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ қудрат ва мавқеи хосса дорад. Авлод дар асоси муттаҳид шудани оилаҳои ба ҳам хешу ҳамхун ба вуҷуд меояд. Он метавонад даҳҳо оилаҳоро дар бар гирад ва фаъолияту рафтори аъзои онро назорату идора намояд. Авлодро сардори он идора мекунад, ки аз тарафи пирони машаваратдеҳ интихоб мегардад. Сардор ба таври ӣайрирасмӣ муовину мушовир ва дастёрҳо дорад. Авлодҳо дорои номи умумӣ мебошанд, ки нишонаи фарқкунандаи онҳо ба шумор меравад. Масалан, авлоди эшонҳо, авлоди сайидҳо, авлоди хоҷаҳо ва ӣайра. Баъзе авлодҳо ба номи сардор ё бунёдгузори он ёдоварӣ ва номбар мешаванд. Чунончи, авлоди Пирназар, авлоди Каримовҳо ва ӣ. Авлод ҳамчун институти иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои сохтору системаи худтаъминкунӣ, идеологӣ ва ҳуқуқию механизмҳои идоракунӣ мебошад. Он дар давраҳои мушкили ҷомиаи тоҷикон, дар идора кардани ҷомиа ва дар рушди ҳаёти маънавию сиёсӣ саҳми муайян гузоштааст. Иттиҳоди авлодҳо қабиларо ба вуҷуд меорад. Иштирок дар расму ойинҳо ва ҷамъомадҳои авлодӣ барои аъзои калонсоли он ҳатмӣ ва як навъ қарзи иҷтимоӣ мебошанд. Эҳтироми калонсолон, дасти кўмак дароз кардан, саҳмгузорӣ дар тўю маъракаҳо ва ӣайра аз уҳдадориҳои мардҳои ин ё он авлод ба шумор мераванд. Албатта дар баробари мардон занҳо низ дар ваҳдату дастгирӣ ва таблиӣи ҳувияти авлодӣ саҳм доранд, аммо онҳо дар дараҷаи дувум меистанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М). /Д. Раҳимов. — Душанбе, 2015. —668 с.(тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8
Пайвандҳо
вироиш- Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ Бойгонӣ шудааст 5 май 2016 сол.