Адабиёти итолиёӣ

(Тағйири масир аз Адабиёти Итолиё)

Адабиёти итолиёӣ — адабиёт ба забони итолиёӣ, ки дар ибтидо маҷмӯъае аз ғазалвораҳо, ашъори ошиқона ва размию базмӣ буд, ки шоирони даврагард ва наққолон барои мардум мехонданд ё ҳамроҳ бо чангу овоз онҳоро мехонданд ва мардуми Итолиё басе роғиб ба шунидан ин гуна таронаҳову ашъор буданд.

Қарни VI-VIII

вироиш

Адабиёти итолиёии асрҳои миёнаи VI-VIII аз ҷиҳати генетикӣ бо фарҳанги атиқа алоқаманд буда, баъди ҳуҷуми империяи Руми Ғарбӣ ба забони лотинӣ (пеш аз ҳама асарҳои хусусияти динидошта) ба вуҷуд омадааст. Аз асри 10 осори адабӣ ба лаҳҷаҳои халқӣ пайдо шуданд. Дар шимоли мамлакат дар шароити авҷгирии муборизаҳои сиёсӣ ва динӣ лирикаи диниву дидактикӣ паҳн шуд. Намояндагони машҳури он: Франсиск Ассизский ва Якопоне де Тодди. Айни замон зери таъсири лирикаи трабадурҳои Прованса ва назми эпикии Фаронса назми дунявӣ, бахусус дар ҷануби Итолиё, бештар шуҳрат пайдо кард. Чун қоида, шоирони найрангбоз дар сужетҳои хеле муҳимми сиёсӣ, маишӣ ва ишқӣ шеърҳо эҷод кардаанд. Инкишофи лирикаи ишқӣ бо мактаби адабии назми Ситсилия (асри 13) алоқаманд аст: Петро делла Виня, Якопо да Лентини, Риналдо дʾАквино. Анъанаҳои мактабҳои Правонса ва Ситсилияро шоирони Тоскана давом доданд. Дар Тоскана назми тамсилӣ ба ҷои аввал баромад Дар асрҳои 13-14 Бруннето Латини, Франческо да Барберино ва дигарон якчанд достони дидактикӣ эҷод карданд. Зери таъсири романҳои қаҳрамонии фаронсавӣ ва ҳикояҳои таърихии шарқӣ дар Итолиё аввалин асарҳои насрӣ пайдо ва ба лаҳҷаҳои гуногуни маҳаллӣ нақл карда мешуданд. Маҷмӯаҳои новеллаҳои муаллифашон номаълуми «Новеллино» ва «Китоби ҳафт ҳаким» (асри 13) шуҳрати бештар доштанд. Дар асрҳои 13-14 асарҳои таърихӣ пайдо шуданд: «Солномаи Флоренсия»-и Р. Малиспини, солномаҳои Дина Кампани ва Ҷ. Виллани.

Ҳодисаҳои машҳури адабии пеш аз давраи Эҳё дар Итолиё назми «долче стил нуово» («услуби форами нав») ва эҷодиёти Данте Алигери мебошанд. Асосгузори «услуби форами нав» Г. Гвинителли ва пайравони ӯ Г. Кавалканти, Чино да Пистоя, Данте ва дигарон назмеро ба вуҷуд оварданд, ки дар он ба рӯҳияи зоҳидонаи асримиёнагӣ эҳсосот ва рӯҳияи ошиқон муқобил гузошта шуд. Дар китоби «Ҳаёти нав» (1292-93) ва «Мазҳакаи илоҳӣ» (1303-21)-и Данте, рисолаҳои «Базм» (байни солҳои 1304 ва 1307), «Дар бораи сухани мардум» 1304-07, нашр 1539) ва «Дар бораи ҳокимияти мутлақа» (1312-13) нишонаҳои ҷаҳонбинӣ ва назми асримиёнагӣ якҷо бо нишонаҳои бедории худшиносии шахс ба назар мерасанд. Данте забони адабии Итолиёвиро ба вуҷуд овард.

Давраи Эҳё

вироиш

Давраи муҳимтарин дар инкишофи адабиёти Итолиё давраи Эҳё (асрҳои 14-16) буд. Итолиё ба ватани Эҳёи Аврупо табдил ёфт. Маркази ҷаҳонбинии гуманистӣ Флоренсия буд. Гуманистони Итолиё ба мероси атиқа рӯй оварда, идеали худ — шахси озод ва ҳаматарафа инкишофёфтаро ба вуҷуд оварданд. Дар байни шоирони давраи Эҳё Ф. Петрарка, донандаи Даврони атиқа, устоди шинохтаи сонета, дар ҷои аввал меистод. Петрарка бо эҷоди маҷмӯаҳои ашъори «Кансонере» («Китоби сурудҳо», 1327-74), достони «Африқо» (1339-42, ба забони лотинӣ), ки дар он барои аз нав эҳё кардани эпоси румӣ «Буколики» («Сурудҳои чӯпонӣ». 1346-57) кӯшиш кардааст, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Дар сонетаҳо, кансонаҳо, секстинаҳо, балладаҳо ва мадригалаҳо, ки ба ҳаёт ва марги маҳбуба Лаура бахшида шудаанд, шоир ба олами ботинии инсон таваҷҷуҳ намуда, нишонаҳои гуногуни ишқи заминиро нишон додааст. Ҳамзамон ва дӯсти ӯ Ҷ. Бокаччо низ шеър менавишт (достонҳои «Филострато», «Парии Фезолан», «Амето»), вале дар таърихи адабиёти итолиёӣ ва ҷаҳон насри ӯ нақши муҳим бозидааст. Ӯ асосгузори принсипи психологизм (повести «Фяметта», 1343), жанри новелла (маҷмӯаи новеллаҳои «Декамерон». 2350-53) аст. Таваҷҷуҳи Бокаччоро пеш аз ҳама инсон, муносибати мутақобилаи ӯ бо дигар одамон, на бо Худо ҷалб кардааст. Эҷодиёти Бокаччо саршор аз рӯҳияи озодандешӣ ва фарди эҳёгар буда, гуногунрангии ахлоқи Итолиёвиро намоиш медиҳад. Ӯ типи «инсони табиӣ», табиатан серҳаракат ва зеборо офаридааст.

Дар асри 15 ғояҳои гуманистӣ на танҳо дар Флоренсия, балки дар дигар давлатҳои Итолиё паҳн гардиданд. Асарҳои «олимони филолог», файласуфон-нависандагон, муҳофизони анъанаҳои Давраи атиқа ба забони лотинӣ пайдо шуданд, ки танҳо барои доираи хурди хонандагон дастрас буданд. Намояндагони бузургтарини «гуманизми олимӣ» — филолог К Салутати ва таърихшинос Л. Бруни. Бузургтарин асари бадеӣ — «Повест дар бораи шоҳ Фердинанд»-и Л. Вилла (нашр соли 1521). Дар нимаи 2-юми асри 15 Неапол ба маркази бузурги фарҳанги давраи Эҳё табдил ёфт. Бузургтарин гуманисти Неапол — Ҷ. Понтано (муаллифи якчанд китоби шеърҳои лирикӣ, достонҳои дидактикӣ, эклога. Беҳтарини осори Понтано муколамаҳо (диалогҳо)-и ӯ («Харон», «Хар», «Антоний») мебошанд, ки намунаи насри бадеии давраи Эҳёи асри 15 гардидаанд. Дар асри 15 жанри фатсетсия (дар «Фатсетсия»-и Поҷо (ба забони лотинӣ, нашр 1452), достони қаҳрамонии давраи Эҳёи Итолиё («Моргантеи Калон»-и Л. Пулнис,1482; «Ролани ошиқ»-и М. Боярдо, нотамом, нашри пурра 1506) пайдо шуданд.

Қарни XVI

вироиш

Асри 16 дар давраи Эҳёи Итолиё давраи душвор ва драматикӣ буд. Ҷангҳое, ки дигар давлатҳо дар ҳудуди Итолиё мебурданд, мухолифатҳои дохилии Итолиё, буҳрони сиёсӣ ва миллӣ, ки дар нимаи 1-уми асри 16 Итолиёро фаро гирифта буданд, дар адабиёт инъикос ёфтанд. Яке аз мавзӯъҳои асосии адабиёт ва санъат Суди мудҳиш буд. Дар ин давра А. Л. Аристо аз рӯи намунаи Руми Қадим жанри мазҳакаи маишии Итолиёвиро ба вуҷуд овард («Ҷаъба», 1508-52; «Сиёҳпӯст», 1520). Машҳуртарин намунаи насри бадеии асри 16 — рисолаи «Дарбор»-и Б. Кастилоне (1513-18, нашр 1528), ёддоштҳои Б. Челлини (1500-71) ва китоби «Подшоҳ» (1513, нашр 1532)-и Н. Макиавелли. Зери таъсири Петрарка назми лирикӣ хеле инкишоф ёфт (П. Бембо, А. Каро, Л. Тансилло, В. Колонна). Лирикаи пайрави Петрарка — Микеланҷело Буонарроти бо амиқияти фикр, ошкорбаёнӣ ва фоҷиавият фарқ мекард. Шоири давраи Эҳёи охир Т. Тассо дар достони «Байтулмуқаддаси озод» (1580) зиддияти ахлоқиро ошкор намудааст. Дар эҷодиёти Л. Тассо зиддияти пуразияти байни ғояи гуманистӣ ва доктринаи католикӣ инъикос ёфта, баъзе нишонаҳои манеризм нишон дода шудааст. Драматургия ва театр инкишоф ёфт. Маҳз дар ҳамин давра мазҳакаи ниқобҳо (мазҳакаи дел арте), аввалин фоҷиаи классикии Итолиё — «Софонисба» (1515, нашр 1524)-и Ҷ. Ҷ. Триссино (ки ба қоидаи Арасту, анъанаҳои Софокл ва Еврипид такя мекард), драмаҳои пасторалӣ (чӯпонӣ), «мазҳакаҳои ахлоқӣ»-и ҳаҷвӣ («Мандрагора»-и Макиавелли, «Шамъдон»-и Ҷ. Бруно) пайдо шуданд. Дар байни жанрҳои насрӣ мисли пештара ҷои асосиро жанри новелла ишғол мекард. Новеллаҳои «Мағрибиҳои Венетсия» аз маҷмӯаи «Сад ҳикоя» (1528, нашр 1565) -и Ҷ. Чинтил ва «Ромео ва Ҷулетта» (1554)-и М. Банделло манбаъҳои сужетҳои фоҷиаҳои У. Шекспир «Отелло» ва «Ромео ва Ҷуллета» гардиданд.

Қарни XVII

вироиш

Адабиёти Итолиё дар асри 17 дар шароити пастравии иқтисодиёт, ҳукмронии испаниҳо дар қисми зиёди заминҳои Итолиё ва иртиҷои феодалию католикӣ инкишоф ёфт. Давомдиҳандаи анъанаҳои давраи Эҳёи адабиёти фалсафӣ Т. Кампанелла буд. Романи хаёлии ӯ «Шаҳри офтоб» (1632) — ҳикояи баҳрнавард дар бораи ҷамъияти идеалиест, ки ба он коҳинони олим роҳбарӣ мекунанд, дар он ҷо моликияти хусусӣ ва оила нест, кор барои ҳама ҳатмист, олитарин меъёри ҳама гуна фаъолият — фоида ба ҷамъият аст. Равияҳои асосии адабиёти ин давра барокко ва класситсизм буданд. Асосгузори барокко дар Итолиё — Ҷ. Марино. Достони бузурги ӯ «Адонис» (1623) бо ороишнокӣ, маҷозияти комил, мураккабии сохт фарқ мекунад. Бо номи Марино мактаби ба ном маринизм алоқаманд аст. Намояндагони он (К. Акиллини, Ҷ. Прети, Ҷ. Артале) идилияҳо, шеърҳои ишқӣ ва динӣ, қасидаҳои мадҳӣ эҷод кардаанд. Дар драматургия ва театр равияи барокко дар эҷодиёти О. Ринуччини, мазҳакаи ниқобҳо (мазҳакаи дел арте) зоҳир шудааст. Дар доираи назми барокко фоҷиаи итолиёии асри 17 инкишоф ёфт: Ф. Делла Валле, муаллифи яке аз аввалин фоҷиаҳо дар бораи Мария Стюарт — «Маликаи Шотландия» (1591), нашр 1628); Карло Доттори, фоҷиаи машҳури ӯ «Аристодем» (1675) саршор аз фоҷиа мебошад. Класситсизми Итолиё ба анъанаҳои давраи Эҳё содиқ монд. Назму насри Г. Галилейро ба класситсизм мансуб донистан мумкин аст. Давомдиҳандаи ӯ — К. Р. Дати, муаллифи рисолаи «Муҳофизати Данте», ки дар он пуризми адабӣ зиёд мешавад. Тамоюлҳои классикӣ дар назми Г. Кябрери зоҳир мешаванд.

Қарни XVIII

вироиш

Хусусиятҳои фалсафии Маорифпарварӣ дар Итолиёи асри 18 бо консепсияи пешниҳоднамудаи Ҷ. Вико дар асараш «Асосҳои илми нав дар бораи табиати умумии миллат» (1725) алоқаманд аст. Адабиёти маорифпарварии Итолиё аз адабиёти мамлакатҳои рушдкардаи Аврупои Ғарбӣ ақиб мондааст. Фоҷиаи итолиёӣ дар асри 18 (П. Метастазио, В. Алфери) ба намунаҳои драматургияи классикии фаронсавӣ майл дошт. Нависандагони Итолиё дар жанри мазҳака муваффақиятҳои бештар ба даст оварданд. Асосгузори мазҳакаи миллӣ — К. Голдони. Ӯ «мазҳакаи хислатҳо» («Хизматгори ду хоҷа», «Соҳибаи трактир», «Худсарҳо»-ро эҷод кард. Қаҳрамонони мазҳакаҳои ӯ намояндагони табақаи сеюм, чусту чолок, зирак, серҳаракат шуданд. Ҳарифи Голдони К. Готси буд. Вай қоидаҳои назм, шартият, тахайюлро дар театр устувор кард, мазҳакаи ниқобҳоро қуллаи театри миллӣ меҳисобид. «Ҳикоя дар бораи театр» (1761-65)-и ӯ унсурҳои афсонаҳои сеҳрноки халқиро бо анъанаи мазҳакаи ниқобҳо ва ҳаҷви замонаш пайваст. Песа-ҳикояҳои Готси муваффақияти бузург доштанд. Шоири машҳури давраи Маорифпарварии Итолиё — Ҷ. Парини дар асарҳои дар равияи класситсизми маорифпарварӣ эҷодкардаи худ (қасидаҳои «Озодии деҳот», «Тозагии ҳаво», «Фиреб», «Тарбия», достони «Рӯз» ҷоҳилӣ ва хурофоти ҳамзамонони худро фош карда, ғояи ҳаёти солими мутаносиб ва фаъолияти барои ҷамъият муфидро ҷонибдорӣ намудааст. Дар эҷодиёти Алфери, Готси ва дигар муаллифон нишонаҳои пешазромантизмӣ зоҳир шуданд.

Охири асри 18 давраи буҳрони парадигмаи маорифпарварӣ ва оғози ҳаракатҳои зиддифеодалӣ ва миллии озодихоҳӣ (Рисорҷименто) буд, ки дар романтизми итолиёӣ равшан инъикос шудааст. Бузургтарин нависандагони романтики Итолиё — А. Мадзони ва Ҷ. Леопарди.

Қарни XIX

вироиш

Қуллаи назми итолиёии асри 19 — лирикаи фалсафии Леопарди. Дар назми ӯ «андуҳи ҷаҳонӣ» нисбат ба пешгузаштагон ва ҳамзамононаш сахттар аст. Леопарди ҷонибдори тасаввурот дар бораи душмании коинот нисбат ба инсон буд. Намунаи пессимизми фалсафии ӯ маҷмӯаи лирикии «Сурудҳо» мебошад, ки дар он дар баробари оҳангҳои гражданӣ ва ватандӯстӣ мавзӯи беқудратии шахсияти муборизи романтикӣ дар назди сарнавишт, номувофиқии идеал ва фаъолият, нозукии ҳаёти инсон ҷой дорад. Дар эҷодиёти шоир Ҷ. Кардуччи ду тамоюли асосии назми итолиёии асри 19 — романтикӣ ва классикӣ идома ёфт. Шоир, драматург, романнавис У. Фасколо асосгузори нақди адабиёти романтикии итолиёӣ шуд. Романтизм бо рӯҳияи инқилобии Рисорҷименто зич алоқаманд буд. Яке аз машҳуртарин мунаққидон ва ходими фаъоли Рисорҷименто — Ҷ. Массини, муаллифи асарҳои «Дар бораи адабиёти Аврупо» (1829), «Дар бораи драмаи таърихӣ» (1830-31 ва 1847), «Ҳаракати адабӣ дар Итолиё» (1838). Дар доираи Рисорҷименто фаъолияти адабиётшинос Ф. Де Санктис, муаллифи асарҳо оид ба реализм, натурализм, «Таърихи адабиёти итолиёӣ» (2 ҷ., 1870) сар шуд.

Романтизм то соли 1870 равияи асосии адабӣ дар Итолиё боқӣ монд. Солҳои 1870-80 ба ивази он веризм омад, ки муҳимтарин хусусияти он инъикоси ошкоро ва воқеии ҳаёти ҳаррӯза буд. Намояндагони он (Ҷ. Верга, Л. Капуана, Г. Делледа, М. Серао, Л. Стеккетти) пеш аз ҳама ба ҳаёти табақаҳои иҷтимоии поёнӣ (деҳқонон, камбағалони шаҳрӣ) таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар охири асри 19 дар заминаи хомӯш гардидани ҳаракатҳои инқилобӣ дар Итолиё ва шикастхӯрии ғояҳои романтикии Рисорҷименто, инчунин буҳрони тасвирҳои мусбат дар адабиёт ҷустуҷӯи роҳҳои нав оғоз шуд. Сиритуализм ва романтизми нави А. Фогассаро, С. Бенелли, шарҳи интуитивистии назм ва назми импрессионистии Ҷ. Пасколи эстетизми бузургтарин намояндаи декаданс Г. ДʾАннунсио боиси баҳс бо позитивизм шуданд.

Қарни XX

вироиш

Ба инкишофи адабиёти солҳои 1900 файласуф, таърихшинос ва адабиётшинос Б. Кроче таъсири бузург расонд. Дар адабиёти асри 20 футуризм яке аз равияҳои пешқадами намоён гардид. Роҳбар ва назариётчии он — Ф. Т. Маринетти солҳои 1909-19 « Манифести футуризм»-ро интишор кард. Навигариҳои ҷолиб дар драматургияи итолиёии даҳсолаҳои аввали асри 20 бо номи Л. Пиранделло алоқаманд аст. Ӯ аз усулҳои аъанавии сужетсозӣ даст кашида, хислатро вайрон кард, чунки вай ҳаётро ҳамчун «ҷараёни беинтиҳо» қабул карда, дар сохтори шахс нақши бузург доштани ибтидои бешуурона ва табииро қоил буд. Эҷодиёти Итолиё Звево, устоди романи психологӣ («Худшиносии Дзено», 1923), байни ду ҷанги ҷаҳонӣ ҳодисаи муҳим буд. Шикастхӯрии Итолиё дар Ҷанги якуми ҷаҳонии 1914-18 ва барқароршавии диктатураи фашистӣ боиси пайдоиш ва густариши ҷараёни адабии ҳерметизм дар назми солҳои 1920-40 гардид. Як гурӯҳи ҳерметистҳо (Э. Монтале, Д. Унгаретти, С. Квазимодо) кӯшиши созишкоронаи фардии шахсиятро барои дуршавӣ аз воқеият ва пайвастан ба олами тахайюлот тарғиб намуда, дар доираи тасаввуроти маҳрамона маҳдуд монданд. Вале гурӯҳи дигар (А. Моравиа, К. Алваро, П. Жайе, Э. Витторини) анъанаҳои веризм ва реализмро идома дода, даҳшати ҷанг, ҳаёти халқи одӣ ва ҳолати маъюсонаи баъдиҷангии Аврупоро тасвир намуданд. Дар ин давра нақди адабии асосгузори Ҳизби коммунистии Итолиё А. Грамиш, ки асосан дар маҳбасҳои фашистӣ асар эҷод кардааст («Дафтарҳои маҳбасӣ» — ҷилди «Адабиёт ва ҳаёти миллӣ», нашр 1950), ҳодисаи муҳим буд. Грамши эстетикаи Крочеро танқид, робитаи театри Пирандело бо воқеиятро ошкор карда, ба асарҳои оид ба таърихи адабиёти Итолиёи Де Санктиса баҳои баланд додааст.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ҷаҳонии солҳои 1939-45 дар Итолиё адабиёти муқовимат пайдо шуд, ки намунаи барҷастаи он романи «Одамон ва ноодамон» (1945)-и Витторинни мебошад. Витторинни дар саргаҳи неореализми солҳои 1940-50 меистод ва кӯшиш мекард, ки воқеияти иҷтимоӣ, ҳаррӯзаро дақиқ инъикос намояд. Драматургияи Э. Де Филиппо низ бо роҳи неореализм инкишоф ёфтааст. Кинодраматургияи неореалистӣ низ рушд кард (Ч. Дзаваттини, П. П. Пазолини, Т. Гуэрра). Вале аз миёнаи солҳои 50 асри 20 нависандагони пешқадаи Итолиё (Пратолини, Квазимодо, Моравиа) аз неореализм дур шуданд. Солҳои 1960 авҷи авангардизм — фаъолияти «Гурӯҳи 63» буд, вале ин ҷараён дар адабиёт ба комёбиҳои махсус ноил нашуд.

Давраи навтарин

вироиш

Дар адабиёти навтарин эҷодиёти А. Де Карло («Поезди қаймоқин», 1981; «Дар лаҳзаи ҳозира», 1999) диққатҷалбкунанда аст. Ин асарҳо, ки дар услуби давраи компютеронӣ бо назми тез ва дасисабозии ҷиддӣ эҷод шудаанд, барои сокинони шаҳрҳои бузург (мегаполисҳо) пешбинӣ гардидаанд. Ба он нависанда ва барандаи машҳури телевизион А. Барикко, ки романҳояш («Кохи кина», 1991; «Абрешим», 1996; «Шаҳр», 1999) берун аз ҳудуди Итолиё шуҳрат пайдо кардаанд, наздик аст. Дар адабиёти муосири Итолиё олим-семиотик, фарҳангшинос, адабиётшинос ва нависанда У.Эко бештар машҳур аст. Романи ӯ «Номи гул» (1980) намунаи «адабиёти касбӣ» буда, сужети детективӣ (хуфия)-ро бо маълумоти зиёди таърихӣ дар бораи давраи Асрҳои миёна дар бар гирифтааст. Усулҳои модернистии баъдинаи дар он дарёфтшуда дар романҳои «Мино Фуко» (1988) ва «Ҷазираи рӯзи пешин» (1994) такрор шудаанд.

Адабиёт

вироиш