Адабиёти бадеӣ
Адабиёти бадеӣ — ин образи бадеӣ, дар адабиёт ва санъат шакли инъикоси воқеият, манзараи конкрет ва муҷтамеи ҳаёти инсон буда, дар партави идеали эстетикии санъаткор, бо ёрии таҳайюли бадеӣ офарида мешавад. Образи бадеӣ воситаи идрок, инъикос ва ифодаи эҳсосу афкор, кӯшишу ҳаяҷони санъаткор, тарзи тадқиқи ҳаёт аст.Образи бадеӣ аҳамияти маърифатӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ дорад. Нависанда воқеаҳои зиндагӣ ва манзараҳои ҳаёти инсонро аз рӯи идеали эстетикии худ тадқиқ менамояд, вобаста ба талаботи замон ба ҳодисаҳои ҳаёт ва рафтору кирдори одамон баҳо медиҳад. Ба ин васила Образи бадеӣ ба ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ёрӣ мерасонад.
Образи бадеӣ қонуниятҳои ҷараёни зиндагиро ошкор сохта, ба фаъолияти амалии одамон таъсир мебахшад. Ин ҷо идеали эстетикии санъаткор, мақоми иҷтимоии ӯ мавқеи калон дорад. Агар нависанда тарафдори халқ бошад, ҳақиқати ҳаёти халқро дар адабиёт ҳаққонӣтасвир мекунад. Дар адабиёт образи инсон мақоми асосӣ дорад. Бинобар ин зери мафҳуми Образи бадеӣ пеш аз ҳама образи инсон дар назар дошта мешавад.
Асари бадеӣ образҳои асосӣ ва ёрирасон дорад. Он образҳое, ки дар маркази диққати нависанда қарор гирифта, хати сюжети асарро инкишоф медиҳанд, аз ҷумлаи образҳои асосианд. Ғояи асосии асари бадеӣ ба воситаи образи асосӣ ифода меёбад. Масалан, Восеъ образи асосии романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода мебошад. Дар маркази роман образи Восеъ меистад ва тамоми дигар воқеаҳо дар атрофи ӯ ҷараён гирифта, барои кушодани моҳияти ин образ ёрӣ мерасонанд.
Образи бадеӣ ду хел мешавад: мусбат ва манфӣ. Образҳое, ки идеали нависандаро инъикос мекунанд, образҳои мусбатанд. Масалан, Ёдгор аз романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ, Пӯлод аз романи «Одамони ҷовид»-и Раҳим Ҷалил, Ҳасан аз достони Мирзо Турсунзода «Ҳасани аробакаш», Рӯдакӣ аз драмаи Сотим Улуғзода «Қисмати шоир» образҳои мусбатанд, ки онҳоро образи эҷодӣ ҳам мегӯянд. Шахсоне, ки бар хилофи идеали нависанда амал мекунанд, образҳои манфӣ мебошанд. Қорӣ Ишкамба аз «Марги судхӯр»-и Айнйӣ Ғаниҷонбой аз романи Ҷ. Икромӣ «Духтари оташ» образҳои манфӣ ба шумор мераванд. Образи манфиро образи қалбӣ ҳам меноманд.
Образи бадеӣ дорои хусусиятҳои фардист.. Дар ӯ асари бадеӣ хусусиятҳои фардии ҳаёти инсон ва манзараҳои табиат инъикос мешавад. Вале нависанда барои дуруст нишон додани ҷараёни зиндагӣ ба лаҳзаҳои муҳим ва типии ҳаёт рӯ меоварад. Аз ин ҷо дар як тасвири фардӣ ҷамъбасти бадеӣ ҳам дорад. Ин аз муҳимтарин хусусияти Образи бадеӣ мебошад. Образи бадеӣ аз бисёр ҷиҳатҳо таърихан тағйирпазир аст.
Образи бадеии санъати ҷомеаи ибтидой аз Образи бадеии замони атиқа фарқ мекунад. Образи бадеии осори нафисаи асрҳои миёна ба Образи бадеии адабиёти давраи Эҳё монанд нест. Образи бадеии классисизм, сентиментализм, ҷараёнҳои гуногуни романтизм, реализми танқидӣ, натурализм, символизм, экспрессионизм, мактабҳои гуногуни модернизми асри 20, реализми сосиалистӣ ҷиҳатҳои ба худ хос дорад. Дар адабиёти реализми сосиалисти пеш аз ҳама Образи бадеии бинокорони фаъоли коммунизм офарида мешавад. Образ калимаи русӣ буда, маънои сурат, симо ва нақшро дорад. Нависанда маҷмӯи хислату характери ашхоси алоҳидаро омухта, пас онҳоро дар симои як шахси алоҳида дар раванди ҳодисаю воқеаҳои мухталиф нишон медиҳад. Ба ҳамин восита адиб образи инсонро меофарад. Чунон ки В.Г.Белинский мегӯяд: «Адиб бо образҳо фикр мекунад, вай ҳақиқатро исбот намекунад, балки онро нишон медиҳад».
Масалан, дар афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» халқ хислатҳои нотарсӣ, далерӣ, паҳлавонӣ ва ҷоннисории як гурӯҳ ҷавонони тоҷикро дар образ (симо, тимсол)-и Эраҷ ҷамъбаст намудааст. Ё дар нақлу ривоятҳо образҳои Томирис, Куруш, Луқмони Ҳаким, Фирдавсӣ ва Восеъ тасвир ёфтаанд, ки аз рафти ҳодисаҳо хислату характер, ҷаҳонбинии онҳо аён гардидааст.
Образҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: а) образҳои мусбат, б) образҳои манфӣ. Ҳамаи образҳое, ки нависанда ба онҳо таваҷҷӯҳ дорад, бо камоли майл ҷиҳатҳои нағзи хислату характери онҳоро тасвир намуда, беҳтарин афкори пешқадами худро дар симои онҳо нишон додааст, образҳои мусбат ном доранд. Масалан, Эраҷ, Восеъ, Темурмалик, Сафар Одинаев ва дигарон ба гурӯҳи образҳои мусбат дохил мешаванд.
Дар асарҳои бадеӣ ашхосе амал мекунанд, ки онҳо хислату характери манфур, зишт доранд, ба инсон бадӣ мекунанд, барои хароб намудани ҷомеа саъю кушиш мекунанд ва нависанда кору амалиёти онҳоро бо нафрат ба қалам медиҳад. Ана ҳамин гуна ашхос ба образҳои манфӣ дохил мешаванд. Масалан, ба гурӯҳи образҳои манфӣ Ҳенгилдев, Иблис, Мор, Заҳҳок ва дигарон мансубанд.
Лирика
вироишНаср
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- История всемирной литературы: В 8 томах. М.: Наука, 1983—1994