Адад
← -3 • -2 • -1 • 0 • 1 • 2 • 3 →
← -30 • -20 • -10 • 0 • 10 • 20 • 30 →
← -300 • -200 • -100 • 0 • 100 • 200 • 300 →
Адад(ар. عدد), шумор, шумора, ҳисоб — маҳфуми асосии риёзист, ки аз қадимулайём тадриҷан инкишоф ёфтааст. Маҳфуми ададҳои бутуни мусбат, яъне ададҳои натуралӣ дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ аз зарурати ҳисоби ашъё ба вуҷуд омадааст. Дарки беинтиҳоии қатори ададҳои натурали дар инкишофи мафҳӯми ададҳои натуралӣ саҳифаи нав кушод.
Таърих
вироишТаърих собит сохтааст, ки мафҳуми адад пойдевори бинои муҳташами илми риёзиро ташкил медиҳад. Донишмандони тоҷику форс дар рушди илми ҳисоб (арифметика) шуҳратманд буданд. Бо вуҷуди маълумоти зиёди назариявӣ то асри XIII, таърифи илмии мафҳуми адад вуҷуд надошт. Риёзидони намоёни тоҷик Насируддини Тусӣ (вафот 1273) аввалин шуда, таърифи илмии ададиро ба бузургиҳои якҷинса (ҳамченак ва бе ҳамченак) баён кард. Дар пайравӣ аз Насируддини Тусӣ баъди 320 сол риёзидони нидерландӣ С. Стевин ва пас аз 500 сол яке аз асосгузорони илми табиатшиносӣ И. Нютон ҳамин гуна таърифи ададро такрор намудаанд.
Маълумоти аввалин дар бораи таърифи номукаммали адад дар асарҳои Пифагор, Арасту, Никомах; назарияи ададҳои мусбати бутун дар асарҳои Эвдокас, Эратосфан, Архимед омода шуда бошанд ҳам, саҳми босазо дар рушд ва инкишофи ин илм тадқиқоти беназири олимони тоҷику форс ба мушоҳида мерасанд.
Нахустин бор баёни даҳ рақами ҳиндӣ ва системаи позитсионии даҳӣ барои ададҳои бутун ва ғайрибутуни мусбатро риёзидони Гелонӣ Кушёр ибни Лаббан Ҷилӣ (асри Х) дар рисолаи «Оид ба ибтидои ҳисоби ҳиндӣ» таҳқиқ намуда буд. Намунаи чунин асарҳо дар асри XI сар шуда, асрҳои баъд олимон онро инкишоф ва тараққӣ доданд. Бузургтарин асари ибни Сино «Арсимотайқӣ» дар пайравии асари Евклид «Китоби ҳисоб» ва «Алфахрӣ»-и Абубакри Қараҷӣ (Алқархӣ) таълиф гардидааст. Ҳанӯз дар асри XV Ғиёсиддин Кошонӣ (ал-Кошӣ) дар асарҳои «Мифтоҳ-ал-ҳисоб» ва «Рисола доир ба давра» назарияи мукаммали ададҳои касриро кор карда баромада буд. Шогирди ӯ Алиқушчӣ асосгузори касрҳои даҳӣ ва назарияи ададҳои мусбату манфӣ дар Шарқи Наздику Миёна гардида буд.[1]