Адвокатура
Адвокатура — иттиҳодияи мустақили ҳукуқдонҳои касбӣ (адвокатҳо) мебошад, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. Таъсиси адвокатура ба иродаи шахсони соҳибмаълумоти ҳукуқӣ (маълумоти олии ҳукуқӣ) вобаста аст. Шахсони маълумоти олии ҳуқуқӣ дошта камаш 40 нафар ба мақсади таъсис додани коллегияи адвокатҳо маҷлиси умумй даъват карда, оинномаи коллегияи адвокатҳоро қабул намуда. мақомоти роҳбарикунандаи коллегияи адвокатҳоро интихоб менамоянд. Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияи адвокатҳои вилоят дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад. Рад кардан, ба қайд нагирифтаии ҳуҷҷатҳои коллегияи адвокатҳо дар муддати як моҳ аз ҷониби адвокатҳо му мкин аст ба суд шикоят карда шавад. Азлаҳзаи ба қайдгирифтани коллегияи адвокатҳо он зери сарпарастии давлат қарор дорад. Давлат дар амалӣ гардидани вазифаҳои коллегияи адвокатҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо вазифадоранд, ки онҳоро бо бино дар наздикии идораи суд таъмин намоянд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» вазифа ва ваколатҳои адвокатураро мукаррар кардааст, ки аз лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудан, тибқи қонун амалӣ карда мешавад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - 620 саҳ.