Адиб Собири Тирмизӣ

Адиб Шиҳобуддин Собир бини Исмоили Тирмизӣ (форсӣ: شرف‌الادباء شهاب‌الدین ادیب صابر بن‌اسماعیل ترمذی‎; 10781143 ё 1151[1]) — аз шоирони маъруфи форс-тоҷик дар замони Салҷуқиён.

Адиб Собири Тирмизӣ
Таърихи таваллуд: 1078
Таърихи даргузашт: 1143 ё 1151[1]
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Адиб Собир дар охири салтанати султон Ҷалолиддин Абдулфатҳ Маликшоҳи салҷуқӣ аз Тирмиз ба Хуросон омада, чанд сол дар мадрасаи Низомияти Ҳирот таҳсил намуд. Мероси Адиб Собир аз қасида, ғазал, қитъа, рубоиёт иборат аст. Девони ашъори Адиб соли 1334 ҳиҷрӣ дар Теҳрон ба табъ расидааст.

Саид Нафисӣ менигорад: Адиб Собири Тирмизӣ аз бузургони шуарост. Чунки ашъори ӯ дар равонии лутф ва дилангезии маънӣ ва ҳусни сабк иншо шудаанд. Аз хайси маонии дилнишин ва алфози азбу салим пас аз Рӯдакӣ ва Дақиқӣ ҳеч кас аз шуарои Туркистон мукаддам бар Собир нест. Адиб Собир соли 1078 дар шаҳри Тирмиз таваллуд шуда, наврасиву камолоти ӯ дар он ҷо гузаштааст. Адиб Собирро тазкиранависон фаровон зикр кардаанд. Шарқшиносони маъруф, олимони эроншинос, адабиётшиносони шуравӣ ва донишмандону адибони номвари муосири тоҷик, махсусан устод Садриддин Айни ва дигарон низ аз Адиб Собир ёду баррасӣ кардаанд. Адиб Собирро яке аз амалдорони бонуфузи Хуросон — Абулкосими Али бинни Чаъфар, ки дар Нишопур истикомат дошта, зохиран козии он чо будааст, ба хидмат даъват мекунад. Дар аввалҳои хидмат шоир, харчанд дурии диёру наздикон ва гарибиро хис кунад хам, кадре хушхолу осуда будааст. Аммо баъди чанде ӯ озору таадди дида, ба сабаби тухмати нолоике аз хидмат дур шудааст. Дар ин вокеаи нохуш аз обу нон, молу мулк ва хонаю чой чудо гаштааст, ки инхоро дар қасидаҳояш ба мамдух як-як зикр кардааст. Зиёда аз ин ба Рован ном мавзеъ бадарга хам шудааст ва аз таъкиботу фитнаҳои мазҳаби зарархо дидааст:

То гашт гарди хотири ман хутбаи амал,
Масъуди саъдвор кашидам ғаромате.
Хабсе, ки доштам дар он хабс раҳ наёфт,
Дар гуши ман на бонги намозе, на қомате.

Хаёти минбаъдаи Адиб Собир дар дарбори Султон Санчар гузаштааст. Султон Санчар уро сафири худ ба Хоразм фиристод. Ҳамин тавр аз соли 1142 сар карда, Адиб Собир дар Хоразм зиндагӣ кардааст. У аввалхо дар дарбори шох Отсиз ҳамчун шоири номдор, сониян ҳамчун ходими намоёни давлати маркази хурмат мебинад. Отсизи Хоразмшох хамеша кушиш мекард, ки бо Мавр мунокиша кунад, аммо бо шарофати Адиб Собир як навъ муносибати муътадил нигоҳ дошта мешуд. Аз ин сабаб дар дили Отсиз нисбати Адиб Собир кина сар мезанад ва хамеша дар паси азобу шиканча додани шоир мешавад:

Чу хок хорам аз ин рӯзгори сангдил.
Ки хоквор надорам ба назди халқ махал.
Хамеша чашми халал суи холи ман нигарад.
Гумон барам, ки бад-у ошик омадааст халал.

Гузашта аз ин Отсиз аз пайи пинхони куштани худи хокими маркази- Султон Санчар мешавад. Ин нақшаро Адиб Собир пай мебарад ва нишони он ду шахси кушандаро навишта, дар соки музаи пиразане ба Мавр равона мекунад. Накшаи Отсиз, ки амали намешавад, акнун тамоми қувваашро паси куштани худи Адиб Собир равон мекунад:

Эй ачаб обу хавоест дар иклими ҳунар,
Ки ба бустони ҳунар хор дамад настаранам.
Эй дарего, ки чу гул умри сабукхез бирафт.
Ки нахандид зи икбол гуле дар чаманам.
Дар пайи ман чи фитодаст фалак, хеч магар.
Ман на бардоштаи хусрави душманфиканам!
Не, макун, шохо дарёб, ки гар кушта шавам,
Барнаёяд ҳама олам ба баҳои кафанам.

Шоир рӯзҳои башумори умри хешро дар парешони ва азоби сахти рухи паси сар кардааст. Фурсати аз Хоразм баромада рафтан муяссар намешавад ва одамони Отсиз уро дастгир карда хонаашро зеру забар мекунанд. Адиб Собир дар тагаззули яке аз қасидаҳояш бо мукоисае ниландудии руи худро аз захми даст чунин ишора кардааст:

Фалак чу руйи ман аз захми даст ниландуд.
Зи ашки дида бар ӯ катра- катра чун симоб.

Руйи ниландуди худро аз захми даст ҳангоми бадаргаи мачбури дидааст, аммо ҳангоми марги фочеави азобҳои сахти нобакоронро зиёдтар хис намудааст. Ва инак соли 1147 шоири ширинсухан, ходими давлати бо азобу ранчи беохир ва дасту пои баста дар яке аз шабҳои тирамоҳ дар Хоразм зуран ба Амударё гарк кунонида шуд. Адиб Собир осори бое доштааст ва сохиби девони бузурге будааст. Вале осори ӯ то замони мо пурра омада нарасидааст ва нусхаҳои девонаш хам хеле камёбанд. Хушбахтона, ба адабиётшиносони мо муяссар шудааст, ки ду нусхаи дастнависи девони уро дар ибтидои солҳои 60-ум аз китобхонаҳои Англия ба даст дароранд. Якеи ин девонҳо тахти раками 911 дар китобхонаи Ҳиндӯстон, Офиси Британия нигоҳ дошта шуда, дигараш бо раками 540 or psi 656 дар музеи машҳури давлатии ин кишвар махфуз аст. Шоири ширинадои малехгу ва покизаназм хам бо шаклу мазмуни эҷодаш ва хам бо истеъдоди сиёсатдониаш аз шахсиятҳои шинохтаи гузашта мебошад. Хусни эстетикии чозибаи нихони ва ширинию равонии гуфтаҳояш бебахоянд ва ӯ дар боби услуб ва равияҳои эҷоди ҳамчун давомдихандаи анънаҳои бостонтарин, хусусан анъанаи устод Рудаки эҳтироми махсус дорад. Адиб Собир равияҳои демократи ва миллии назмро, ки аз давраи Сомониён ибтидо гирифта буданд, собиткадамона давом додаст ва эҷодиёти худро дар рухияи ифодаи оҳангҳои халқи зиндадилона, мазмунҳои гуманистии инсони ва тасвирҳои реалию садои дили шахсони озодфикр ташхис намудааст.

Соки каме карини кадах кун шаробро,
Мутриб, яке ба захми адаб кун рубобро.
Чом аз киёси обу май аз чинс оташ аст,
Соки, ба ёди маркаби оташ кун обро.


Диламро дида ошик кард, ошик,
Ки дилро ишқ лоик буд, лоик,
Маро доранда маъшук аст, маъшук,
Дилам пайваста ошик аст, ошик.
Бад-он дилбар супурдам дил, ки дорад,
Чамолаш ҷумлаи ҳусни халоик.
Эй бо ту дилам ҳама вафо карда,
Бо ман дили ту ҳама чафо карда.
На ухдаи ошики ба сар бурда,
На ваъдаи мардуми вафо карда.
Моро ба болои ишқ рах дода,
В-онгах ба миёни рах рахо карда.

Сафари Арабистон Дар дунёи фарог гашту гузор карда моҳияти зиндагиро хартарафа дарк карда тачрибаи фаровон меандохт. У шахсоне бармехурд ва одамонеро медид, ки бо вучуди донною хирадманди бенавоъ хастанд. Вале ба залолату ғам даст намедиханд ва мудом мисли шох сарбаланд мегарданд. Адиб Собир натичаи ин мушохидаи худро дар китъае ин навъ изҳор кард:

Хар чанд бувад мардуми доно дарвеш,
Охир бувад аз тавонгарон нодон беш
Онро набувад чох чумолаш шуд беш
Вин шох бувад хамеша аз дониши хеш

Адиб Собир бо таъсири хар гунна вазъияту ҳолатхо бо дигаргунии вазъияти сол ва манзарахо рохравон шеърхо мехонд. Дар бахорон лолаи сер об сабзаи тар ва гулҳои рангобаранги дашту даман домани рову бог ва талу водихоро дида неъматҳои алвони он табиати наку ва гулҳои зебои он парандаҳои хушлахнаш чун ҳазор достон навхагари мекард. У рох мерафт ва ишқу зебоии ҳаёти човид тачаддуди олами зинда ва ҳусни зебоии онро бесуруд, оҳанги диловези табеатро бо садои дили инсон меҳрубон пайваст месохт.

Чахон ҷавон шуд аз ин навбахори тозаҷавон,
Бар ин ҷавон нигару тозадор ҷону равон.
Агар зи барф сари кух буд чун сари пир,
Зи акси лола сари пир шуд чу руи ҷавон.

Бозгашт ба Ватан Шаби 17-хуми июни соли 1125. Ситораҳои осмон чун нури чарогҳои шаҳри дур гоҳ хираю гор равшан менамуданд. Пас аз гармии баланди рузона хавои шабона нарму мулои метофт. Атроф хомуш буд Адиб Собир дар хонаи Сайкали ба сафари ватан тайёри медид. Сайкали аспе омода сохта буд дӯстон ба истироб якдигарро огуш кашиданд Адиб Собир ба асп савор шуд: Хайр Сайкалии азиз, ман некиҳои туро фаромуш нахохам кард. Ту ба ман хеле хидмат кард карди нону намак ва хонаю чой доди. Амир марро хор дошт, ба дарга кардани шуд вале ту некии зиёде карди ки намедонам кай посурашро мебарорам. Дар ин бора фикр накун, Собир. Дустон ба кадом рӯз даркоранд? Хидмати ту холо дар пеш аст, нассиб бошад боз дида ба дидор мерасад ва боз мо бо хам сухбат хохем кард бо тези чавоб гардонд Сайкали. Хайр дӯстони азиз. Хайр Насими, некии ту ба ман зиёд аст. Хидмати туро ман аз хотир намебарорам хайр саломат бошетон. Нассиб бошад, боз хамидигарро мебинем. Адим Собир баъди солҳои овора гарди дар хоки Хуросон аз Чайхун гузашта ба ватан расид холо ба хонаашон ба назди падару модар ва зану фарзанд мерафт. Ба назараш оилаашон мисли пештара ному номдор менамуд. Падари бузургвораш Адиб Исмоили хирадманд ҳамон хел нурони ва обруманд метофт. Хайл мекард, ки модараш Садорат-отун бо ташвиши корҳои рӯзгор банд аст, писарчааш Али бо бози машгул ва завчааш Манзилат бо ҳусну чамоли тоза ва табассуми ширин машгули хурок пазист… Вале ӯ аз рохи дур омада тухфаю савгое надорад. Ба Али чи тухфа медихад? Ба дигарон чи? Ногахон андеша кард, ки аз бас, ки аз чудоиаш солҳо гузаштааст, дар ин байн дар ахволи оилаашон дигаргуние шудагист. У аз

Оворагию дарбадари бо ду дасти хуш меояд. Аз хидмат хеш чиз карда натавонист балки азобхо кашида, ба тухмат печид холо зудтар хона рафта каринону пайвандонро бинад, ба дидори падару модар расад бас.

Адиб Собир нигоҳубини хонаю чойро зарур медонист хидмати модар аз он хам заруртар буд. Пас аз солҳои чудои аз зану фарзанд зиндагонии якчоя боз бештар хушу гуворо менамуд. Бинобар ин аз дил мегузаронд, ки дигар сафар нахохад кард ва ба талабу хохишхо гуш нахохад дод. Фарогати зиндагиро аслан дар оромии оилави дида, онро меписандид барои хирадманд анисию хамдами ва сухбати пайвандону наздиконро аз тамоми чизхо бехтару авлодтар хисобид. Хаёти хирадмандро бо cе чиз: бодаи хакимона, «Дафтари илм» ва «Сухбати ёрону хешон» хушу пойдор дида гуфт:

Се чиз аст он ки наздики хирадманд
Шавад з-он харсе ҳосил унси эшон,
Яке бода асту дигар дафтари илм,
Се дигар: сухбати ерону хешон

Сафар Шабе аз шабҳои тирамоҳи соли 1107. Сардии хавои намнок омехта бо шамоли нофорам ба кас таъсири ногувор мекард. Аз хунуки бадан меларзид Собир дар равшании шамъ асп зин мекард. Шокир борхалтаи сафари уро дуруст менамуд. Садорат-отун ғам ғамноку парешон дар суфаи айвон меистод. Адиб Исмоил дар назди зини асп ба Собир ким чихо мегуфт, зохиран насихат медод. Манзилат Али-ро ба даст бардошта дар кунчи айвони хона дар нимторикии равшании нури шамъ беист мегирист. Собир низ парешон хаёлолуд ба манзилат нигариста мемонд. Дили онҳо аз дигарон зиёдтар об мешуд ба истиро бо хаяҷон омада, фишор мехурд. Вале бо вучуди ин онҳо беқарори намекарданд ва ба хамдигар нигариста гуё таскин меёфтанд… вакти хайрохуш расид. Хама ахли оила ба руи хавли меистоданд сардии шабонаи хаворо хис намекарданд. Хама истиробу хаяҷон доштанд. Гами чудои вазнин метофт, дар дилхо азоби гарон буд гиряю рикати кариб ҳама дар хомушии тираи хавои сард ва равшании хираи шамъи нимсухта хис мегардид…

Омад шикаста дил шуд зулфи пуршикам
Вакти рахили манн бари ман дилбари ман.
Дасташ зи зулф мушк пароканда бар камар,
Чашмаш зи ашк лола равон карда бар суман
Уро видоъ кардаму сабрам видоъ кард,
Оре, видоъи сабр бадтар дар ғаму хазан.
  1. 1.0 1.1 персидская Википедия (форс.) — 2003.

Адабиёт

вироиш
  • Абдулманнони Насриддин. Куллиёт; ҷ. 1. — Хуҷанд, 2013. — С. 373—377