Адлияи конститутсионӣ

Адлияи конститутсионӣ - ибораи ҷамъбастисст, ки низоми мақомот ва расму қоидаҳоеро ифода мекунад, ки ба тафтиши мувофиқати санадҳои парлумон, Президент, Ҳукумат ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бо Сарқонуни мамлакат имкон мсдиҳад. Адлияи консгитутсионӣ асосан се низоми назоратро бо мақомоти хоси худ,тарзи шикоят овардан ва тартиби дида баромадани дархостҳоро дар бар мегирад: анъанавӣ (амрикой), ки ҳамаи судҳо ба амал мебароранд, аврупоӣ, ки «шохаи» алоҳидаи ташкилоти судиро мемонад, инчунин омехта, ки нишонаҳои ҳар ду қолаби аввалро дар бар мегирад. Дар баъзе мамлакатҳо адлияи конститутсионӣ на фақат вазифаи назорати конститутсионӣ, балки суди ннтихобо гӣ (Фаронса), амалӣ намудани суди импичментро (ҶФО) ба уҳда доранд.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.18