Иоҳанн Фридрих Вилҳельм Адолф фон Байер (олмонӣ: Johann Friedrich Wilhelm Adolf von Baeyer; 31 октябри 1835, Берлин20 августи 1917, Мюнхен) — кимиёшиноси олмонӣ, Узви АИ Берлин ва Ҷамъияти кимиёшиносони Олмон. Барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё соли 1905.

Адолф Байер
олмонӣ: Johann Friedrich Wilhelm Adolf von Baeyer
Таърихи таваллуд 31 октябр 1835(1835-10-31)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 20 август 1917(1917-08-20)[1][2][3][…] (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ organic chemistry[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Robert Bunsen[d] ва August Kekulé[d]
Шогирдон Heinrich Wieland[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Баъди хатми гимназия (1853) дар Донишгоҳи Берлин ду сол физика ва математика, сипас дар Донишгоҳи Гейделберг илми кимиё омӯхтааст.Дар бораи пайвастҳои органикии маргимуш таҳқиқот анҷом дода, унвони докториро соҳиб шудааст. Солҳои 1858–1860 дар Донишгоҳи Генти Белгия фаъолияташро давом медиҳад. Баъдан ба Олмон баргашта, дар Мактаби олии техникии Берлин кор мекунад. Проф. Донишгоҳҳои Страсбург (аз 1872) ва Мюнхен (аз 1875). Дар синни 12-солагӣ намаки дучандаи нав – карбонати мис ва натрийро кашф мекунад. Кашфи кислотаи барбитурат ва барбитуратҳо (1864), реаксияи индофенил (1879) низ ба Байер мансуб аст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Соли 1905 барои хидматҳои бузургаш дар пешрафти кимиёи органикӣ ва саноати кимиё, дар робита ба пажӯҳишҳо оид ба рангҳои органикӣ ва пайвастҳои гидроароматӣ ба Мукофоти нобелӣ дар соҳаи кимиё сазовор гардидааст. Ҷамъияти кимиёшиносони Олмон бо номи Байер мукофоту медал таъсис додааст.

Сарчашма

вироиш