Азиза Акобирова (18.03.1950, шаҳри Самарқанд) — физикдони тоҷик. Номзади илмҳои физика ва математика (1978), дотсент (1992).

Азиза Акобирова
Азиза Акобирова
Таърихи таваллуд 18 март 1950(1950-03-18) (74 сол)
Зодгоҳ Самарқанд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер ДДС ба номи А. Навоӣ

Зиндагинома вироиш

Азиза Акобирова 18 марти соли 1950 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Таҳсилоташро дар факултети физика ва математика ДДС ба номи А. Навоӣ (1966—1971) давом додааст. Соли 1972 ба Душанбе омадааст: ходими хурди илмии УДТ ба номи В. И. Ленин (1974—1976), ходими калони илмӣ (1976—1980), ходими пешбари илмии каф. физикаи ҷисмҳои сахт (1980—1984), муаллимаи калони каф. физ. ядроӣ (1984—1990). Аз соли 1990 — дотсенти кафедраи электроникаи физикаи УДТ ба номи В. И. Ленин. Фаъолияти илмиаш ба таҳқиқи хосиятҳои физики ва технологияи ҳосилкунии лавҳаҳои тунуки нимноқилӣ ва сохтани детекторҳои нимноқилӣ ва батареяҳои офтобӣ бахшида шудааст. Дар мавзӯи «Детекторҳои нурафкании ҳастаӣ бар заминаи теллуриди кадмий» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ, як патенти ихтироъ ва 10 дастури таълимӣ.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — 184 с.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6