Азизуллоҳ Қадрии Балхӣ

Азизуллоҳ Қадрии Балхӣ (форсӣ: عزیز‌الله قدری بلخی‎; ? — қарни XIX) — шоири форс-тоҷик ва аз наҷибзодагони Балх.

Азизуллоҳ Қадрии Балхӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Бухоро таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Охири умраш дар хидмати Садри Сарир гузаштааст. Аз осори Қадрӣ намунаҳо тавассути тазкираҳо (мас. «Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб»-и Возеҳ) ва баёзҳо боқӣ мондаанд.

Ин байт аз ӯст:

Аз тиҳидастӣ нагардад шуҳрати дониш баланд,
Сурма бошад тирабахтӣ бонги илму фазлро.

Адабиёт

вироиш