Азизхон Мирбобоев
Азизхон Мирбобоев (тав. 22.10.1957) – эроншинос, забоншинос, номзади илми филология (1991), дотсент (1992), барандаи Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони форсӣ-тоҷикӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Азизхон Мирбобоев | |
Таърихи таваллуд | 22 октябр 1957 (67 сол) |
Зодгоҳ | , Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони форсӣ-тоҷикӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон . |
Зиндагинома
вироишАзизхон Мирбобоев хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1980). Корманди Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи Илмҳои Тоҷикистон (1981-1983; аспиранти Академияи илмҳои ҶТ (1983-1987). С-ҳои 1989-1993 муаллим, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ; с. 1993 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология; сс. 1994- 1996 докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. С-ҳои 1997-2003 дотсент, муовини мудири кафедра, муовини илмии декани факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, узви Шурои илмӣ ва Шурои диссертатсионии ин донишгоҳ (1998-2007); дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2008-2015). Солҳои 2016-2021 ба сифати мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиноси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ифои вазифа дошт. Сипас ба фаъолияти илмӣ пардохта ба сифати мудири шуъбаи забонҳои бостон ва ориёӣ ва сарходими шуъбаи забон ва роҳбари лоиҳаи илмии шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ фаъолият кардааст. Номбурда раиси сектсияи забоншиносӣ, узви Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, котиби илмии Шурои диссертатсионии КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, уХатои ёдкард: Барчасби <ref>
ғайримиҷоз; ёдкардҳо бидуни мӯҳтаво бояд ном дошта бошандзви Шурои миллии таҳсилот ва раиси бахши ҳамоҳангсозии барномаҳо ва китобҳои дарсии забони тоҷикии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, муовини раис ва сипас узви Шурои экспертии илмҳои филологии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви комиссияҳои гуногуни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари давлатию илмии кишвар мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 1991 А. Мирбобоев дар Шурои илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон рисолаи номзадиро аз рӯи тахассуси «забонҳои эронӣ» дифоъ намуд. Таҳти таҳрири А. Мирбобоев бештар 50 китоб, аз ҷумла «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» (2005), «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (2006), «Фарҳанги тоҷикӣ-англисӣ» (2008), «Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» (2012) ва диг. аз чоп баромадааст.
Осор
вироиш- Фарҳанги масодири забонҳо ва гӯишҳои эронии Тоҷикистон (ҳаммуаллиф, ба забони форсӣ). Ҷилди 1-2. Д., 1997;
- Фарҳанги номҳои тоҷикӣ (ҳаммуаллиф, ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ). Д., 2000;
- Девони Одамушшуаро Рӯдакӣ (ҳаммуаллифон, ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ). Д., 2002;
- Муқаддимаи филологияи эронӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологӣ. - Д., 2015.
- Муқаддимаи филологияи эронӣ. Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавии ДМТ. - Д., 2019. (ҳаммуалиф)