Азизҷон Раҳмонов

Азизҷон Салмонович Раҳмонов (тав. 2.10.1961, шаҳри Ваҳдат), муаррих, номзади илмҳои таърих (1991), дотсент (2010).

Азизҷон Раҳмонов
Азизҷон Раҳмонов
Таърихи таваллуд: 2 октябр 1961(1961-10-02) (59 сол)
Зодгоҳ: Ваҳдат ҶШС Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: муносибатҳои байналмилалӣ
Ҷойҳои кор: Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо: Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

ЗиндагиномаВироиш

Солҳои 1979–1984 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1986–1988 котиби комсомолӣ ва ассистенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1989–1991 дар аспирантураи донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил дошт. Солҳои 1992–1996 ҳамчун муаллими калони кафедраҳои таърихи сиёсӣ ва таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, 1996–2002 мудири шӯъбаи фарҳанг ва иттилоот, ҷонишини раиси Раёсати ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2003 ҳамчун муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон кор мекунад. Муаллифи як силсила мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои таърихи сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии солҳои 90-уми Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

ОсорВироиш

  • Политические партии мира, России и Таджикистана, Д., 1994.

ПайвандҳоВироиш