Аз адои ҷазо озод намудан

Аз адои ҷазо озод намудан — пурра ё қисман аз адои ҷазо озод намудани суд шахсонеро, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва адои минбаъдаи ҷазо аз ҷониби онҳо номатлуб аст. Аз адои ҷазо озод намудан яке аз ғояҳои асосии ба амал баровардани адолат буда, дар Кодекси ҷиноятии ҶТ аз моддаи 76 то 81 намудҳои аз адои ҷазо озод намудан нишон дода шудааст:

  1. Шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод намудан (м. 76)
  2. Ба намуди чазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо (м. 77)
  3. Аз адои ҷазо озод намудани занони ҳомиладор ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд (м.78)
  4. Бо сабаби беморӣ аз адои ҷазо озод кардан (м. 79)
  5. Озод кардан аз ҷазо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда (м.80)
  6. Озод кардан аз адои ҷазо бо сабаби гузаштани муҳлати ҳукми айбдоркунӣ (м.81)
  7. Авф (м. 82)
  8. Бахшиши ҷазо (м. 83) [1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - 620 саҳ.