Айбдории хусусию ҷамъиятӣ

Айбдории хусусию ҷамъиятӣ - хусусияти ин гуна парвандаҳои ҷиноятӣ дар он ифода меёбад, ки айбдории хусусии ҷамъиятӣ бо ташаббуси ҷабрдида оғоз карда мешавад, вале бо хоҳиши ҷабрдида қатъ карда намешавад. Баъд аз он ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, тафтиши пешакии он аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ идома дода мешавад. Дар мавридҳои алоҳида вобаста ба мавқеи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда прокурор метавонад парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд.[1].

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.28