Айбдоркунандаи давлатӣ
Айбдоркунандаи давлатӣ — прокурор дар суд ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ иштирок мекунад. Дар суд иштирок доштани прокурор ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ яке аз функсияҳои назоратии прокурор дар мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошад. Прокурор муттасил назорат мебарад, ки талаботи қонун дар мурофиаи судӣ ва маҷлиси судӣ риоя карда шавад. Аз дигар тараф, ӯ фаъолияти мурофиавии худро доир ба айби эълоншуда дастгирӣ менамояд. Ин қоида аз он бармеояд, ки мақомоти тафтишотӣ шахсро дар содир кардани ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст. Рафти таҳқиқу тафтиш зери назорати прокурор қарор дошт. Аз ин хусус қонунӣ ва асоснок будани айби эълоншуда ба масъулияти хизматии ӯ низ тааллуқ дорад, бинобар ин прокурор дар суд кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин айб дар тафтиши судӣ исбот гардад. Сарфи назар аз ҷидду ҷахди прокурор, агар айби эълоншуда исбот нагардад, прокурор бояд аз айбдорӣ даст кашад. Айбдоркунандаи давлатӣ - прокурори дар муҳокимаи судӣ иштирок дошта ҳамаи ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаро дорад. Ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ прокурор дар музокираҳои судӣ сухани айбдоркунӣ баён мекунад. Дар сухани айбдоркунандаи давлатӣ - дар бораи хатарнокии ҷиноят, шахсияти ҷинояткор, квалификатсияи кирдор, дурустии айби эълоншуда, то чӣ андоза айби эълоншуда дар тафтиши судӣ исбот гардид, зарурияти таъйин намудани ҷазо, намуди ҷазо, режими нигоҳдорӣ дар ҷойҳои ислоҳоти меҳнатӣ маълумот ба суд пешкаш мекунад. Прокурор ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ дар давраҳои минбаъдаи мурофиа иштирок карда, оид ба масъалаҳои ҷойдошта хулоса медиҳад.
Адабиёт
вироишФарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.28-29</ref>.