Айюқӣ
Айюқӣ (форсӣ: عیوقی) — аз шоирони достонсарои форсизабон аст
Таърихи даргузашт: | асри XI |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишАйюки шуарои достонсарои форсизабон аст, ки дар асри ХI умр ба сар бурдааст. Дар бораи соли таваллуд, соли вафоташ ва инчунин макони таваллудаш маълумоте боки намондааст. Акси симои ӯ низ тақрибан офарида шудааст. Аз сарчашмахо маълум мешавад, ки Айюки шоири достонсарои форсу тоҷик мебошад. Як достони ӯ "Варка ва Гулшох " ном дорад, ки ба шох Султон Махмуди Газнави (солҳои хукмрониаш 988—1030) бахшида, навишта шудааст ва ин асар то имрӯз дастраси мо аст. Достон тақрибан аз 2100 байт иборат аст. Аз Айюки инчунин чанд қасида, қитъа ва рубоӣ низ боки мондааст.
Аз Варқа ва Гулшоҳ
вироишМазмуни мухтасари достони «Варка ва Гулшох» чунин аст: Дар хонаводаи ду марди солхурдаи кабилаи бани шайбон, бародарон Хилол ва Хумом дар як шаб писар ва духтаре ба дунё омад. Писарро Варка, духтарро Гулшох ном гузоштанд. Онҳо аз хурди нисбати якдигар мехру муҳаббат пайдо карданд. Онҳоро дар синни 12- солаги ба хамдигар ақд мебанданд. Дар шаби аруси кабилаи дигар бо сардории Ибни Амру ба шайбонихо ҳуҷум карда, Гулшохро дуздида мебарад. Пас аз айшу нуши зиёд Ибни Амру маст шуда хоб меравад. Варка ин вазъиятро истифода бурда, Гулшохро гирифта мегурезад. Рӯзи дигар Ибни Амру боз ба шайбонихо ҳуҷум карда, ин дафъа хам Гулшох ва хам Варкаро ба асири мегирад. Баъди чанд муддат бо ёрии Гулшох Варка Ибни Амруро кушта, лашкари уро пароканда мекунад. Бузургони кавм таклиф мекунанд, ки Гулшохро ба Варка диханд, вале модари Гулшох талаб мекунад, ки варқа барии кобини худ ширбаҳо диҳад. Варка барои дарёфти калин ба Яман, назди тагояш меравад. Варка дар рох мешунавад, ки ба мулки тагояш душманон ҳуҷум карда, уро асир кардаанд. Варка зидди душманони тагояш лашкар кашида, уро озод мекунад ва бо молу боигарии зиёд ба ватан бармегардад. Дар ин муддат, ки Варка дар сафар буд, волидон Гулшохро ба подшоҳи Шом Маликмухсин ба ивази молу ганиматҳои зиёд ба зани медиханд. Ба Варка пас аз баргаштанаш хабар медиханд, ки Гулшох мурдааст ва гури гусфандонро нишон медиханд. Лекин пас аз чанд муддат як дусташ ба Варка асли вокеаро накл кард. Варка боз ба Шом сафар мекунад, то ин ки дустдоштаи худро бинад. Бо машаккати зиёд ӯ ба дарбор омад ва Маликмухсин дидани Гулшохро ичозат дод. Пас аз боздид Варка бо ичозати Маликмухсин аз дарбор баромада суйи ватан ба рох мебарояд. У аз ғаму гусса дар рох ҷон медихад. Гулшох аз ин ходиса хабар ёфта, бо Маликмухсин ба зиёрати кабри Варка мераванд. Дар сари кабри ӯ Гулшох худро ба ханчар мекушад. Ба фармони Маликмухсин часади Гулшохро низ назди кабри Варка гурониданд. Ин достони Айюки яке аз достонҳои аввалини ишқию лирики ва фочиави буд. Айюкиро ҳамчун асосгузори ин навъи жанр метавон ҳисобид. Минбаъд дар таърихи адабиёти форсӣ ва чаҳонӣ осори зиёди ишқию лирики ва фоҷиавӣ эҷод гардидаанд. Баъди ӯ чандин шоиру нависандагон дар мавзӯъи ишқу муҳаббати самими, достонҳои худро офариданд. Хусрав ва Ширин-и Ганчави, Лайли ва Мачнун-и Низоми ва Чоми, Комде ва Маъдан-и Бедил, Ромео ва Жульетта-и Шекспир, Руслан ва Людмила-и Пушкин ва даххо дигар асархо ин мавзӯъи муҳими ҳаётиро дар бар мегиранд.
Намунаи ашъор
вироишДидани Варқаву Гулшоҳ ҳамдигарро
- Бигуфт ину дармонд дар ғам асир,
- Ситад ҳотаму дарфигандаш ба шир.
- Ба кадбонуаш бурд бо биму дард,
- Ситад шир Гулшоҳ, лахте бих(в)ард.
- Падид омад ангуштарӣ андар ӯй,
- Чу дид он бути дилбари меҳрҷӯй.
- Ҳама мағзаш аз меҳр пурҷӯш гашт,
- Бияфтод бар ҷою беҳуш гашт.
- Канизак зи дидори ӯ хира монд,
- Ба дил дар ҷаҳонофаринро бихонд.
- Ба рухсори ӯ бар бигустурд об,
- Аз он об Гулшаҳ даромад зи хоб.
- Бад-ӯ гуфт : «Дар шир ангуштарӣ
- Кӣ афканд? Баргӯй бе доварӣ!»
- Канизак бигуфт: «Эй шаҳи бонувон,
- Ҳамоно зи ангушти ин меҳмон.
- Гаҳи шир хурдан фитод андар ӯй,
- Ки гаштаст аз мӯя монанди мӯй».
- Ба дил гуфтГулшод, к-эзид якест,
- Ки хотам ба ҷуз хотами Варқа нест.
- Канизакро дод фармон, ки ҳин
- Бирав сӯйи он марди андӯҳгин.
- Бигӯ, к-аз дари қаср берун хиром,
- Ки то ман зи хона бароям ба бом.
- Чунон буд муроди маҳи рабпараст,
- Ки то баррасад к-ин ҷавон Варқа ҳаст.
- Канизак сӯйи Варқа омад чу бод,
- Бар ӯ кард гуфтори Гулшоҳ ёд.
- Бурун рафт аз қаср Варқа бадар,
- Баромад ба бом он бути симбар.
- Зи пинҳон сӯйи Варқа кардаш нигоҳ,
- Ҳамедид дар ишқ гашта табоҳ.
- Ду чашмаш пуробу ду диле пур зи хун,
- Ҳаме ҷон-ш аз дида омад бурун.
- Чу Гулшоҳ рухсори Варқа бидид.
- Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
- Бигуфт «Оҳ»-у аз пой шуд сарнагун,
- Зи боло даромад ба хок андарун.
- Чу варқа бидид он дилоромро,
- Мар он моҳи хушхӯйи пидромро.
- Бинолиду аз дарди дил гуфт «Оҳ»
- Даромад сараш суйи хоки сиёҳ.
- Бидид он маар инрову ин маар варо
- Дили ҳар ду сузон буд андар баро.
- Баромад зи ҳар ду ба як раҳ хуруш,
- Зи ҳар ду ба як роҳ бибуррид хӯш.
- Замоне баромад ба ҳуш омаданд,
- Дигар бор андар хурӯш омаданд.
- Канизак ба болову Варқа ба зер,
- Бидиданд мар якдигарро далер.
- Ба зер омад аз бом он дилрабо
- Ҳамон сухта Варқа аз дардро.
- Чунин гуфт Гулшоҳ, к-эй ибни ам,
- Ҳаме хун шуд андар барам дил зи ғам…
Ғазал
- Куҷо рафти эй дилгусил ёри ман,
- Магар сер гашти зи дидори ман.
- Наҷустам буто ҳаргиз озори ту,
- Чаро ҷусти эй дӯст озори ман.
- Чи гунаст бе ман буто кори ту,
- Ки бо ҷон расид аз ано кори ман.
- Зи ман розтар гарди андар фироқ,
- Агар бишнави нолаи зори ман.
- Бари туст зинҳор ҷону дилам,
- Нигаҳ дор зинҳор зинҳори ман.
Намунаи шеър
- Сухан беҳтар аз неъмату хоста,
- Сухан беҳтар аз ганҷи ороста.
- Сухан мар-сухангӯйро моя бас,
- Сухан бар тани мард пироя бас.
- Зи доно сухан бишнаву гӯш кун,
- Ки н-омад з-осмон дигар ҷуз сухан.
- Сухан мардро сар ба гардун кашад,
- Сухан кӯҳро сӯи ҳомун кашад.
- Сухан бар ту некӯ кунад кори зишт,
- Сухан роҳ намояд ба сӯи биҳишт.
- Бигуфтам ба ширин сухан ин самар,
- Ки кас нест гуфта аз ин пештар.
- Ман аз баҳри он афсари сарварӣ,
- Сухан ронд хоҳам ба лафзи дарӣ.
- Сухан бе шак аз назм рангин шавад,
- Арӯс аз машота баоин шавад.
- Суханро биёрост хоҳам ҳаме,
- Ҷамол аз хирад хост хоҳам ҳаме.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон.-ҷ.1.-Теҳрон, 1371.- с. 601—603