«Ай ёрум биё» (форсӣ: ای یارم بیا‎) — суруди маъруфи оҳангсози тоҷик Муборакшо Мирзошоев мебошад. Дар гӯишҳои гуногун ин сурудро баъзан «Ай ёрам биё» низ меноманд. Ин суруд таи солҳои 1980 мутантани тӯю сурҳои тоҷикон буда, байни мардуми тоҷику ӯзбек шӯҳратёр гардидааст. Таърихан ин суруд барои офаридани фильми Маҳбуби коргардон Ёрмаҳмад Аралов воситае гаштааст.

Ай ёрум биё
Шакли асари халлоқона тарона
Иҷрокунанда Муборакшо Мирзошоев
Таърихи интишор 1988
Назм

Нақорат: Ай ёрум биё
Дилдорум биё
Дил майли ту дорад
Сазоворум биё

Аз Бадахшонуме
Ороми ҷонуме
Ба пеши ман
Биё, биё

(Такрори нақорат)

Дилбари ҷонуме
Моҳи тобонуме
Ба пеши ман
Биё, биё

Тафсири Киоск

вироиш

Соли 2008, гурӯҳи Киоск дар албоми саввуми худ, ки дар студияи Global Zoo таҳия шудааст ин сурудро бо гӯиши эронӣ сабт мекунад[1]. Ин тафсир ки пӯшиши (кавер) маъруфи суруди Муборакшост, дере нагузашта тамоми дунёро тасхир намуд[2].