Аксиомаи ҳуқуқӣ
Аксиомаи ҳуқуқӣ- нуқтае, ки дар илм ва амалияи ҳуқуқӣ бо ягон далел, бино 6а эътимоднокиву ҳаққонияташ қабул шудаааст. Аксиомаҳои ҳуқуқӣ ифодаи ҳодисаҳои ҳуқуқӣ буда, дар шакли мафҳумҳову муҳокимарониҳои ҳуқуқӣ амал доранд. Аксиомаҳое, ки дар санадҳои меъёрӣ истифода мешаванд, қувваи аксиомаҳои қонунгузориро доранд. Аксиомаҳои ҳуқуқӣ дар ҷараёни фаъолияти чандасраи одамон пайдо мешаванд. Дар илми ҳуқуқ аксиомаҳои зиёд истифода мешаванд, аз қабили «назарияи ҳуқуқ ва давлат асоси илмҳои ҳуқуқшиносист», «низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба назариявӣ-таърихӣ, соҳавӣ, байнисоҳавӣ ва махсус ҷудо мешаванд» ва ғ. Дар қонунгузорӣ низ аксиомаҳои ҷудогона қабул шудаанд, ба монанди «қонун қувваи бозгашт надорад», «қонун нисбат ба санади зерқонунӣ зътибори ҳуқуқии баландтар дорад». «санади нав амали санади кӯҳнаро қатъ мегардонад» ва ғ.[1].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.34