Алавии Мадоинӣ
Алавии Мадоинӣ (форсӣ: علوی مدائنی), Қосим ибни Муҳаммад ибни Ҳошим (форсӣ: قاسم بن محمد بن هشام; ? — 949) — риёзидон ва ахтаршиноси форс-тоҷик дар даврони Сомониён, муаллифи «Назму-л-иқд».
Зиндагинома
вироишАлавии Мадоинӣ дар назди Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Ҳамид, маъруф ба «Ибни Одамӣ» илм омӯхтааст ва аз шогирдони номовари ӯ мебошад. Алавии Мадоинӣ баъди вафоти Ибни Одамӣ китоби «Зиҷҷи бузург»-ро, ки муҳимтарин таълифоти устодаш мебошад, такмил карда, ба итмом расонидааст ва онро «Назму-л-иқд» унвон гузоштааст. Ин китоб бо ҳаракати сайёрагон, бурҷҳо в а а ҷроми фалакӣ бахшида шудааст, бо диққати илмӣ ва ҳисоби саҳеҳи бурҷҳову доираҳои фалакӣ маъруфият дорад. Аз муқаддимаи китоб маълум мешавад, ки с.338/950 Ибни Одамӣ аз олам даргузашта буд ва ҳамон сол Алавии Мадоинӣ тасмим гирифтааст, кори нотамоми устоди худро такмил диҳад ва ба поён орад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Қосим ибни Муҳаммад / А. Насриддинов // Донишномаи Сомониён ҷ. 1. — Х. : Нури маърифат, 2008