Албедо (аз лотинӣ albus – сафед) — қобилияти шуоинъикоскунии ҷисм; нисбати сели шуои аз сатҳе инъикосшуда ба сели шуои ба он сатҳ афтода. Дар оптика ва астрономия вобаста ба геометрияи сатҳи инъикоскунанда якчанд намуди албедоро фарқ мекунанд. Албедои ҷисми мутлақ сафед ба як ва ҷисми мутлақ сиёҳ ба сифр баробар мебошад. Албедоҳои сатҳи ҷисмҳои муқаррарӣ дар байни сифр ва як воқеанд. Албедои ҷирмҳои кайҳоние, ки атмосфера доранд, хеле калон аст. Қимати албедо барои дарозиии додашудаи мавҷ ё фосилаи дарозиҳои мавҷ ба тавсифоти спектрии сатҳи инъикоскунанда вобастагӣ дорад. Бинобар ин албедои фосилаҳои гуногуни сепектрӣ (Албедои оптикӣ, ултрабунафш, инфрасурх) ё дарозии мавҷ (Албедои монохроматикӣ)-ро фарқ мекунанд. Дар кишоварзӣ албедо ба рутубатнокии хок вобаста буда, баробари афзудани он кам мешавад, ки ин дар раванди тағйирёбии реҷаи ҳароратии майдонҳои обёришаванда аҳамияти калон дорад. Қимати хурдтарини албедо дар нисфирӯзӣ (пешин) ва дар давоми сол дар тобистон мушоҳида мешавад. Албедои сатҳҳои табиӣ гуногун аст. Албедои барфи хушк – 80 ÷ 95, гилхок – 20 ÷ 35, алафи тару тоза – қариб 25, майдони ғалладона – 10 ÷ 25, майдони пахта – 20 ÷ 25 мешавад. Албедои аппарати париши кайҳонӣ ҳар қадар зиёд бошад, нурҳои Офтоб сатҳи онро ҳамон андоза кам гарм мекунанд. Албедои г е о м е т р ӣ ва Албедои Бонд (с ф е р а в ӣ)-ро фарқ мекунанд. Албедо бо а л б е д о м е т р чен карда мешавад, ки он ду сатҳ дорад: яке барои чен кардани шуои афтанда ва дигаре барои чен кардани шуои инъикосшуда.