Алевтина Полякова (Полякова Алевтина Павловна (12.02.1933, ш. 1933, ш. Саранск) — актрисаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1955). Баъди хатми (1952) Омӯзишгоҳи хореографии ш. Маскав дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба фаъолият оғоз намуд ва аз баракати истеъдоду заҳматдӯстӣ дар кӯтоҳмуддат мартаба ёфт. Бо ҳаракатҳои зарифу зебо, назокату малоҳати адо партияҳои асосиро дар балетҳои зиёд иҷро намуда, симои ботинии қаҳрамононашро пурра мекунад. «Штраусиана», «Лауренсия», «Фаввораи Бахчисарой», «Дон Кихот», «Ромео ва Ҷулйетта», «Пйер Гюнт», «Шабҳои Миср», «Дафнис ва Хлоя», «Ишқи ҷодугарзан», «Бону ва авбош», «Жизел», «Риголетто», «Болеро», «Франческа да Рамини» намунае аз балетҳоанд, ки бо иштирокаш рӯи саҳна омадаанд.

Алевтина Полякова
Таърихи таваллуд: 12 феврал 1933(1933-02-12) (91 сол)
Касб: ҳунарпеша

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.