Ба́кулев Алекса́ндр Никола́евич (7 декабри 1890, Невениковская, вилояти Саратов — 31 марти 1967, Маскав) — ҷарроҳи шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1958), узви ҳақиқӣ (1948) ва президенти АИТ ИҶШС (1953-60), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960).

Александр Бакулев
Таърихи таваллуд 25 ноябр (7 декабр) 1890
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 31 март 1967(1967-03-31)[1] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ҷарроҳии қалб[d], ҷарроҳӣ[d][2], cardiovascular physiology[d][2] ва сиёсат[2]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Sergey Spasokukotsky[d]
Шогирдон Yevgeny Meshalkin[d], Vladimir Burakovsky[d] ва Viktor Savelyev[d]
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх Order of Saint Stanislaus, 3rd class Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945"
Мукофоти ленинӣ Мукофоти сталинӣ Honored Scientist of the RSFSR
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Факултети тиббии Донишгоҳи Саратовро хатм карда (1915), аз соли 1919 ординатори клиникаи ҷарроҳии ҳамин донишгоҳ будааст. Аз соли 1926 дар Институти тиббии ба номи Н. И. Пирогови шаҳри Маскав, аз соли 1943 дар кафедраи ҷарроҳии ҳамин ин-т кор кардааст. Аз соли 1955 ба Институти ҷарроҳии қафаси сина, ки бо ташаббуси худи ӯ ташкил шуда буд (ҳоло Институти ҷарроҳии ба номи А. Н. Бакулев), роҳбарӣ мекард. Усулҳои нави ҷарроҳии гурда, шуш, дил, устухон, бемориҳои захмнок ва ғ-ро кашфу ҷорӣ кардааст. Дар солҳои ҶБВ (1941-1945) усули нави ҷарроҳии захми тирро пешниҳод намудааст[3].

Ҷоизаву орденҳо вироиш

Дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1949) ва Мукофоти ленинӣ (1957). Бо 3 ордени Ленин ва диг. мукофоти давлатӣ сарфароз гаштааст.

Осор вироиш

  • Консервативное лечение абцессов мозга (пункциями). М.-Л., 1940;
  • Врождённые пороки сердца. Патология, клиника, хирургическое лечение. М., 1955.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Бакулев Александр Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 2.0 2.1 2.2 https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=nlk20000080336
  3. Бакулев, Александр Николаевич // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.

Пайвандҳо вироиш

  Александр Бакулев. Сайти «Герои Страны».