Александр Бестужев

Алекса́ндр Алекса́ндрович Бесту́жев (тахаллусаш Марлинский, 23 октябр (3 ноябр)-и 1797[~ 1], Санкт-Петербург — 7 (19) июл 1837[5], Адлер) — шоири рус, декабрист.

Александр Марлинский (Бестужев)
русӣ: Александр Александрович Бестужев
Тахаллусҳо: Марлинский[1]
Таърихи таваллуд: 3 ноябр 1797(1797-11-03)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 июн 1837(1837-06-07)[1] (39 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, мунтақиди адабӣ, нақд, ходими низомӣ, публисист, насрнавис
Забони осор: русӣ[4]
Осор дар сайти Lib.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Баъди исёни 14 декабри 1825 ба қатл маҳкум шуд, вале баъдан онро ба ҳукми бадарға иваз намуданд. Соли 1829 чун аскари қаторӣ ба Қафқоз фиристода шуд. Фаъолияти эҷодиаш чун нависанда аз соли 1818 оғоз ёфтааст. Бестужев яке аз нависандагони рус аст, ки ба мавзӯи Шарқ, махсусан баъди ба Қафқоз рафтанаш, таваҷҷуҳ дошт. Нахустин асарҳояш дар мавзӯи Шарқ соли 1828 интишор шудаанд (тарҷумаҳо аз «Девони ғарбию шарқӣ»-и Гёте, «Аз Ҳофиз», «Аз Гёте», «Зулайхо», «Аз форсӣ»). Дар Қафқоз забонҳои форсиву озарбойҷониро омӯхта, ба қавли баъзе аз муосиронаш, бо ин забонҳо гуфтугӯ мекард. Бо нависанда ва маорифпарвари озар Мирзо Фатҳалӣ Охундов шинос шуд ва огоҳии ӯ аз адабиёту забонҳои Шарқ бештар гардид. Марсияи Мирзо Фатҳалӣ Охундов «Ба марги Пушкин»-ро аз забони форсӣ ба русӣ тарҷума кард. Бо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба тавассути нусхаҳои дар байни мардум паҳншуда шинос гардид. Дар повести «Мулло Нур» (1836) аз қаҳрамонони «Шоҳнома» Рустам ва Исфандиёр ёд шудааст. Аз Б. дастнависи дафтари қайду ишораҳо оид ба симоҳои дар шеъри Шарқ тасвиршуда ва панду андарзҳо боқӣ мондааст. Дар ин дафтар, аз ҷумла, аз осори Саъдӣ порчаҳо фароҳам омадаанд. Мавзӯи Шарқ ва огоҳии ӯ аз осори адабии ин минтақа ба эҷодиёташ таъсир гузоштааст (повестҳои «Амалатбек», 1832; «Мулло Нур», «Киштии Умед», 1833 ва ғайра). Б. дар бораи равобити Ғарбу Шарқ, осори адибони рус дар ин хусус, оид ба баъзе намояндагони адабиёти форс-тоҷик — Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз мақолаҳо навиштааст. Бестужев аз таъсири адабиёти Шарқ ба адабиёти Ғарб сухан ронда, масъалаҳои омӯзиши муқоисавии осори адабиву фарҳангии Шарқу Ғарбро ба миён гузоштааст.

Осор вироиш

  • Кавказские повести. СПб, 1995.

Шарҳҳо вироиш

  1. В метрической книге церкви Рождества Христова что на Песках указаны дата рождения А. А. Бестужева — 1 ноября 1797 года и дата крещения 4 ноября

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Тартаковский П. И. Русская советская поэзия 20-х — нач. 30-х годов и художественное наследие народов Востока. Ташкент, 1977.