Александр Боршаговский
Боршаговский Александр Михайлович (1 [14] октябр 1913[1], Била Тсерква[d], губернияи Киев[d][3] — 4 май 2006 ё 2006[2], Маскав) — шоир, адабиётшинос ва театршиноси рус.
Таърихи таваллуд | 1 (14) октябр 1913[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 4 май 2006 (92 сол) ё 2006[2] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти театршиносии Киив (1935). Фаъолияти адабиаш аз соли 1933 оғоз ёфтааст. Нахустин асари бадеии мансураш (романи таърихии «Парчами Русия») соли 1953 ба табъ расид. Баъдан роману повестҳо, осори адабиётшиносӣ дар мавзӯъҳои давраи шӯравӣ нигоштааст. Муаллифи пйесаҳо, киносенарияҳо мебошад. Филми «Се сафедор дар Плюшиха» (1967), ки аз рӯйи сенарияи навиштаи ӯ ба навор гирифта шуда буд, шуҳрат дошт. Боршаговский дар тарғиби адабиёти шӯравии тоҷик хидмати арзанда кардаст. Ӯ бо пешгуфторҳо «Дар он дунё»-и Ф. Муҳаммадиев, романи «Восеъ»-и С. Улуғзода ва ғ-ро ба хонандаи рус муаррифӣ кардааст. Повести «Варта» ва якчанд ҳикояи Ф. Муҳаммадиевро ба забони русӣ гардондааст. Муаллифи мақолаҳо оид ба вазъи адабии солҳои 60-80 асри 20 тоҷик мебошад, ки дар матбуоти марказии шӯравӣ ба табъ расидаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ 2.0 2.1 Identifiants et Référentiels (фр.) — ABES, 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Борщаговский Александр Михайлович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
вироиш- Боршаговский Александр Михайлович // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.