Александр Герасимов
Алекса́ндр Миха́йлович Гера́симов (12 августи 1881, Козлов — 23 июли 1963, Маскав) — рассоми рус, намояндаи реализми сотсиалистӣ, Рассоми халқии ИҶШС (1943), раиси кумитаи ташкилии Иттиҳоди рассомони шӯравӣ (1939-54), президенти АР ИҶШС (1947-57), доктори илмҳои санъатшиносӣ (1951).
русӣ: Александр Михайлович Герасимов | |
Таърихи таваллуд | 12 август 1881[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 23 июл 1963[4][5][1][…] (81 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | такчеҳра, наққошии манзара[d] ва табиъати беҷон |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Маскав (1915). Александр Герасимов пеш аз ҳама ҳамчун офарандаи портретҳои пешвоёни ҳизбӣ, саркардаҳои низомӣ, намояндагони илму адабу ҳунар, шахсиятҳои номдор ва тасвирҳои бузург дар боби таърихи шӯравӣ шуҳрат дорад. Тасвирҳои сиёсии ӯ намунаи сабки расмии наққошии шӯравӣ буданд. Александр Герасимов замоне, ки дар раъси шохаи ҳунарии кишвар буд, ташкилотҳои асосии эҷодиро сарварӣ мекард, аз раҳнамоёни сиёсати санъату ҳунари давраи сталинӣ ба шумор мерафт ва бо дигарандешон мубориза мебурд. Асарҳои беҳтаринаш: «Аробаи сеаспа. Роҳи зимистон» (1912), «Ҳаммом» (1940), портретҳои О. В. Лепешинская (1932), И. Н. Фисанович (1942), портрети якҷояи чор рассоми машҳури шӯравӣ — И. Н. Павлов, В. Н. Бакшеев, В. К. Белиниский-Бируля, В. Н. Мешков (1944, Мукофоти давлатии ИҶШС, 1945) — ҳамааш дар Нигористони Третяков. Александр Герасимов манзараҳо («Марти рустои Козлов», 1914; «Пас аз борон», 1935; силсилатасвирҳои «Ҷавдор», 1946 ва ғайра) ва натюрмортҳо низ офаридааст. Ӯ чандин намоишномаи театриро оро дода, барои чанде аз осори адабӣ тасвирҳо кашидааст («Тарас Булба», 1947-52).
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти сталинӣ (1941, 1943, 1946, 1949).
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Rakitin V. Gerasimov, Aleksandr (ингл.) // Grove Art Online / J. Turner — [Oxford, England], Houndmills, Basingstoke, England, New York: OUP, 2017. — doi:10.1093/GAO/9781884446054.ARTICLE.T031485
- ↑ Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ 4.0 4.1 Герасимов Александр Михайлович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Alexander Michailovich Gerasimov (нидерл.)
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
- А. Герасимов (альбом). М., 1988;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.
Сарчашма
вироиш- Герасимов Александр Михайлович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.