Александр Горелов
Алекса́ндр Петро́вич Горе́лов (27 март 1923, Baranovka[d], Saratov Governorate[d] — 1953, Вилояти Қурғонтеппа) — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1946), капитани гвардия.
Александр Горелов | |
---|---|
Зодрӯз | 27 март 1923 |
Таърихи даргузашт | 1953 |
Мансубият | |
Солҳои хидмат | пиёданизом[d] |
Қисм | сарвашт |
Равобит |
Зиндагинома
вироишПеш аз ҶБВ (1941-45) коргари базаи нафти ноҳияи Ворошиловобод (ҳозира Ҷалолиддини Румӣ)-и Тоҷикистон буд. Апрели 1942 ба сафи Артиши Сурх даъват шуд. Соли 1943 омӯзишгоҳи пулемётчиёнро дар ш. Тошканд хатм кард. Дар ҶБВ аз моҳи майи 1943. Соли 1945 фармондеҳи баталиони полки 120-уми дивизияи 38-уми гвардиягии тирандози Армияи 8-уми Ҷабҳаи 1-уми Белоруссия буд. Дар ҷангҳои Берлин (апрели 1945) иштирок намудааст. Баталиони ӯ кӯпруки Шпрееро ишғол намуда, ҷасорати беҳамто нишон дод. Пас аз ҷанг ба Тоҷикистон баргашта, дар Кумитаи ҳизбии Қӯрғонтеппа кор кард.
Ҷоизаҳо
вироишБо орденҳои Ленин, Байрақи Сурх, Кутузов (дараҷаи 3), Ситораи Сурх ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Горелов Александр Петрович / Б. Аҳмадов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.