Александр Горшков
Алекса́ндр Гео́ргиевич Горшко́в (8 октябр 1946, Маскав — 17 ноябр 2022[1][2], Маскав) — варзишгар ва мураббии рус (рақси рӯи ях). Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1970). Мураббии хидматнишондодаи ИҶШС (1992), довари дараҷаи байналмилалӣ.
Александр Горшков | |
---|---|
русӣ: Александр Георгиевич Горшков | |
![]() | |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Кишвар | |
Тахассус | искейти намойишӣ[d] |
Зодрӯз | 8 октябр 1946 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 ноябр 2022[1][2] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мураббӣ | |
Қад | 173 сантиметр |
![]() |
КорномаВироиш
Дар таърихи рақси рӯи ях нахустин чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1976) шуд. Чемпиони Бозиҳои олимпии зимистонӣ (1976, ҳамроҳ бо Л. Пахомова). Чемпиони ҷаҳон (1970-74, 1976), Аврупо (1970-71, 1973-76) ва ИҶШС (1969-71, 1973-75). Солҳои 1977-22 мураббии давлатӣ оид ба рақси рӯи яхи Кумитаи давлатии варзиши ИҶШС, 1992—2001 роҳбари Кумитаи олимпии Русия, 2001-10 ноиб-президенти Федератсияи минтақавии Маскав оид ба рақси рӯи ях дар конки ва президенти Ҷамъияти фонди хайрияи минтақавии «Санъати варзиш»-и ба номи Л. Пахомова буд. Аз июни 2010 президенти Федератсияи рақси рӯи яхи Русия.
ҶоизаҳоВироиш
Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, «Нишони Фахрӣ» ва «Барои хидматҳо дар назди Ватан» сарфароз гардидааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 Скончался президент Федерации фигурного катания на коньках России Александр Горшков (рус.) — Россия: Московский комсомолец, 2022. — ISSN 1562-1987; 1606-531X; 1857-3738
- ↑ 2.0 2.1 Ушел из жизни Александр Георгиевич ГОРШКОВ (рус.) — 2022.
СарчашмаВироиш
- Горшков Александр Георгиевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.