Алишер Бобобеков — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Алишер Мирбобоевич Бобобеков
Таърихи таваллуд 1 сентябр 1965(1965-09-01) (59 сол)
Зодгоҳ Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Алишер Бобобеков хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1990). Фаъолияти кориаш соли 1991 оғоз гардидааст: муаллими забон ва адабиёти Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент (1993-1997), Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент (1998-2002), аз соли 2003 то ҳол муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии ДМТ. Соли 2012 таҳти унвони «Қатрони Табрезӣ ва мероси адабии ӯ» рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст.Муаллифи зиёда аз 15 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ мебошад.

  • Дастури иншонигорӣ (барои довталабони макотиби олӣ). – Душанбе: «Нодир», 2008 (ҳаммуаллиф);
  • Дастури таълимии забони тоҷикӣ барои факултетҳои иқтисодӣ (замима ба китоби дарсӣ). – Душанбе: «ЭР-граф», 2009 (ҳаммуаллиф);
  • Марвориде аз уқёнуси беканор (мураттиб). – Душанбе: «ЭР-граф», 2010 (ҳаммуаллиф).[1]