Алиҷон Бойматов (12 июни 1945, Ленинобод) — иқтисоддон, доктори илми иқтисодӣ (1988), профессор(1991). Дорандаи Ҷоизаи ба номи академик Б. Ғафуров. Шаҳрванди фахрии Линколн (ИМА).[1]

Алиҷон Азизович Бойматов
Таърихи таваллуд 12 июн 1945(1945-06-12) (78 сол)
Зодгоҳ Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДТ ба номи В.И.Ленин

Зинагинома вироиш

Алиҷон Бойматов ДДТ ба номи В. И. Ленин (1966) ва курси маркетинг ва соҳибкории донишгоҳи Линколн (ИМА)-ро хатм кардааст (1995). Сариқтисоддони базаи ҷумҳуриявии «Таджиклесстройторг» (1966), ходими илмӣ (1967-70), мудири шуъба (1970—1975), директори бахши Тоҷикистонии Пажуҳишгоҳи умумииттифокии конъюнктура ва талабот (1975—1984), ходими калони илмӣ (1984) ва мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶТ (1984—1992), мудири шуъбаи бахши Хуҷандии Пажӯхишгохи иқтисоди ҷаҳони ва муносибатҳои байналхалқӣ (1984—2001), ҷонишини директори Маркази илмӣ-иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2001—2003), ноибдекани факултаи менеҷмент ва технологияи компутарии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.2003). Муаллифи зиёда аз 100 кори илмӣ, аз ҷумла 15 китобу монография мебошад. Муаллифи нахустин китоби дарсии «Маркетинг» барои мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Таҳти рохбарии Бойматов панҷ нафар рисолаи номзади ҳимоя кардаанд. Иштироккунандаи конфронсҳои байналхалқӣ (ИМА, Небраска, 1995; Канада, Ванкувер, 1995).

Осор вироиш

  • Проблемы развития внутреннего рынка товаров легкой промышленности Таджикистана. — Д.: Ирфон, 1977;
  • Народное потребление в Таджикистане. — Д.: Ирфон, 1980;
  • Дараҷаи зиндагонии аҳолии Тоҷикистон. — Д.:Ирфон, 1985;
  • Региональный рынок: состояние и проблемы сбалансированности. — Д.: Ирфон, 1985;
  • Хозяйственный механизм в торговле. — Д.: Знание, 1989;
  • Маркетинг. Китоби дарсӣ. — Хуҷанд, 2005.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш