Алиҷон Ваҳобов

муаллими фанни биология, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С

Алиҷон Аҳтамович Ваҳобов (тав. 17.09.1972, ш. Душанбе) — омӯзгор, муаллими фанни биология, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Алиҷон Ваҳобов
Алиҷон Аҳтамович Ваҳобов
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Зиндагинома

вироиш

Алиҷон Аҳтамович Ваҳобов солҳои 1990–1995 дар шуъбаи география-биологияи факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил намудааст. Ассистенти кафедраи биологияи умумӣ (1995-1998), мудири кафедраи биологияи умуми ва методикаи таълими биология (2010- 2011), мудири кафедраи анатомия ва физиология (2010- 2018) ва дотсенти кафедраи анатомия ва физиология. Солҳои 1998–2001 дар аспирантураи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил намудааст. Мудири кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология (2010-2011). Мудири кафедраи анатомия ва физиология (2010- 2015) дар айни замон дотсенти кафедраи анатомия ва физиологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Муаллифи 8 дастури таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва фишурдаи корҳои илмӣ дар конфоронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ мебошад.

  • Аҷоиботи биология. Д., 2010;
  • Истифодабарии бозиҳои дидактикӣ дар таълимӣ биология. Д., 2011;
  • Методические указания для виполнения лабораторних занятий по возрастной физиологии и школьной гигиене. Д., 2013;
  • Дастурамал барои гузаронидани машѓулиятҳои лабораторӣ аз фанни физиологияи синну солӣ ва гигиенаи мактабӣ. Д., 2014;
  • Асосҳои дидактикии тайёрии касбии омӯзгорони оянда зимни истифодабарии бозиҳои дидактикӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот (дастури методӣ). Д., 2020.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ