Алоча (порсӣ: الاچه ) – матоъи рахдори рангоранг ва дорои нақшу нигори мураккабу реза мебошад. Дар Осиёи Марказӣ алоча бо номҳои зебак, фарангӣ ва абрешимӣ маълуманд.

Алочае, ки тору пудаш аз ресмони маҳаллӣ таҳия мешуд, зебак ном дошт. Он алочае, ки аз ресмони аврупоӣ бофта мешуд – фарангӣ ва оне, ки аз абрешиму ресмон буд – абрешимӣ номида мешуданд.

Нақши алоча аз рахҳои ҳаррангаи кабуд, сабз, сиёҳ, сурх ва зард таркиб меёбад. Нақшҳои он «миттӣ», «мушку заъфар» ва «байрақ» ном доранд. Тори алочаи дубанда 400 нах дошта, бараш тақрибан 40 см мебошад. Пудашро аз ресмони кабуд, сиёҳ ва баъзан сабз тайёр мекунанд. Ду навъи алоча маъмул буд. Сиёҳалоча, ки пуди онро аз нахҳои сиёҳ мекарданд ва сурхалоча бо нахҳои сурх. Сиёҳалоча матоъи нисбатан оммиёна ва торикранг буд, ки бештар барои ҷомаҳои мардона истифода мешуд. Сурхалоча як андоза равшан буда, аз он либосҳои занона таҳия мегашт.[1][2]

Адабиёт вироиш

  • Ершов Н.Н. Гиссарская алача // Памяти А.А. Семёнова. Сб. статей. – Душанбе, 1980;
  • Ершов Н.Н. Домашныие промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе, Вып. 1, 1966;
  • Ершов Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе, 1984.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 9 - 10.
  2. Турсунов Н. Алоча // Энсиклопедияи миллии тоҷик. Ҷ.1. – Душанбе, 2011. – С. 346.