Алӣ Бобоҷон
Алӣ Бобоҷон ( 10 феврали 1936 шаҳри Конибодом, 16 октябри 2020) — шоир ва нависандаи тоҷик. Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1982), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва журналистони СССР (1972).
Алӣ Бобоҷон | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Алӣ Бобоҷон |
Таърихи таваллуд: | 10 феврал 1936 |
Зодгоҳ: | Конибодом вилояти Суғд, Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 16 октябр 2020 (84 сол) |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир ва нависанда |
Жанр: | шеър, ҳикоя, очерк, публисистика |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1982), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), «Нишони сухан», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1971), (2006). |
Зиндагинома
вироишАлӣ Бобоҷон соли 1959 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Фаъолияташро дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз намуда, минбаъд дар дигар нашрияю нашриёт идома мебахшад. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Соли 2016 дар зодгоҳи адиб шаҳри шаҳри Конибодом маҳфили адабии «Шаҳдрез» ба ҷашни 80-солагии шоири ширинсухан, публисисти оташинсухан, зиёии асил, нависанда, ва тарҷумони маъруф, аъзои иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, инсони накӯному накӯкор Алӣ Бобоҷон бахшида шуд.
Маҳфил бо иштироки васеи аҳли қалами шаҳр ва ҷавонону наврасон доир гардида, инчунин ба он меҳмонон академик Акбар Турсон, шоирон Ҷӯра Ҳошимӣ ва Юсуфҷон Аҳмадзода аз пойтахти кишвар ташриф оварданд.[1]
Эҷодиёт
вироишМуаллифи қариб шашсад очерку мақола ва публисистика аст, вале шуҳрат ва шахсияти адабиаш ба хотири ашъори бачагона бештар зуҳур гардидааст. Аввалин асарҳояш соли 1955 рӯи чопро дидаанд. Асосан барои бачагону наврасон менависад. Осори манзумаш дар маҷмӯъаҳои «Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Гули бодом» (1966), «Парвози орзу» (1971), «Мавҷи сурур» (1973), «Некӣ ба некӣ» (1976), «Усто-парасту» (1978), «Нилуфар» (1980), «Осмондара» (1981), «Намаки зиндагӣ» (1986), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988), «Атри кӯҳистон» (1993), «Базмия» (2000), «Шеъри истиқлол» (12001), «Сад барги Ҳисор» (2001), «Обаки зарин» (2003), «Пайғоми парасту» (2003), «Алифбои парандаҳо» (2004), «Меҳрпайванд» (2006), «Мусиқии баҳор» (2008), «Наврӯзи наврасон» (2012) ба табъ расидаанд.
Дастае аз асарҳои насрии Алӣ Бобоҷон (ҳикоёти воқеӣ, очеркҳои ҳуҷҷатӣ ва мақолаҳои публитсистӣ) дар китобҳои «Домулло Азизов» (1970), «Нахустқаҳрамони тоҷик» (1979), «Тоҷикистони ман» (1983), «Чароғи Ӯялӣ» (дар ҳаммуаллифии Собири Шоҳонӣ; 1996), «Соҳибҳунар» (1998), «Писархонди алоқачиён» (1999), «Конибодом» (дар ду ҷилд), «Меҳрпайванд» (2006), «Дурахши ситора (дар ду ҷилд, 2012) ва ғ. фароҳам омадаанд. Силсилаи мақолаҳои ӯ дар ҷилдҳои гуногуни Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд.
Аз таронасароёни варзидаи кишварамон буда, панҷоҳ сол инҷониб ҳамроҳи бастакору мутрибони ҷумҳурӣ дар равнақи суруди миллӣ заҳмат мекашад. Соли 1984 дар Озмуни «Беҳтарин суруд дар васфи Тоҷикистон» ҷойи аввал насибаш гардидааст. Бисёр шеърҳои ӯ дар силсилаи «Китобхонаи бачагони халқҳои ИҶШС», ки ҷумҳуриятҳои шӯравӣ ба табъ мерасонданд, интишор ёфта, ба русию украинӣ, белорусию ӯзбекӣ, арманию озарӣ, қазоқию қирғизӣ, эстонию литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Китоби шеърҳояш «Устопарасту» (Боку, 1978) ба забони озарӣ, Мусиқии баҳор» (2008) ба забони озарӣ ба табъ расидааст. Намунаҳои ашъораш дар Эрону Афғонистон ҳам чоп шудаанд. Тарҷумаи китобҳои шоирони озарӣ:Т.Муталлибов «Чӯҷаҳо», С.Мамадзода «Калид», тазкираи шуарои Вйетнам «Муҳаббат ва ғазаб» ба қалами ӯ мансубанд. Тарҷумаи тоҷикии силсилаи шеъру манзумаҳои ба Тоҷикистон бахшидаи шоирони ҷаҳонро дар «Китоби дӯстӣ» (1989) дастраси умум гардондааст.[2][3]
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1982),
- Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998),
- «Нишони сухан»,
- Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1971).
Адабиёт дар бораи Алӣ Бобоҷон
вироиш- Абдуллоев, Н. Бобоҷон Алӣ // Энсиклопедияи Советии Тоҷик. – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С.467.
- Алӣ Бобоҷон// Тазкираи адабиёти бачагон. – Душанбе, 1979. – Ҷ.1. – С.297-298.
- Саидзода, С. Насими баҳор // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 31 август.
- Алиева, Н. Зардолуи ширин // Газетаи муаллимон. – 1989. – 11 феврал.
- Маниёзов, А. Писандидагуфтору нозукхаёл // Садои Мардум. – 1996. – 14 сентябр.
- Қаҳҳорӣ, А. Умре, ки сарфи шеър аст [Матн] // Ҷумҳурият. – 1997. – 12 апрел.
- Алӣ Бобоҷон // Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома. – Душанбе: Адиб, 2002. – С. 126-128.
- Бобоҷон Алӣ // Конибодом. – Хуҷанд, 2006. – С. 103.[4]
Намунаи ашъор
вироишСУБҲИ МУРОД
Дилрабо, субҳи баҳорон бидамидаст, биё!
Вақти сайри гулу гулзор расидааст, биё!
Ҳар ниҳоле, ки ба боғ аст ба монанди арӯс,
Чатр аз гул ба сари хеш кашидаст, биё!
Аввалин ғунча ба гулзор шукуфон шудааст,
Боиси чаҳ-чаҳи мурғони хушилҳон шудааст.
Ҳар тараф менигарам, дил зи фараҳ меболад,
Ваҳ, табиат чи қадар хурраму хандон шудааст!
Ин саҳар аз бари гулзор гузар бинмудам,
Ба рухи тозаи гулғунча назар бинмудам.
Ғарқи андеша нишаста ба лаби ҷӯи пуроб,
Ёди он лоларухи тозаю тар бинмудам.
Ёри гулбоз! Биё, аз қаду бастат гардам!
Ғунчаро дида, даҳони ту ба ёд овардам,
Ҷӯш зан, чашмаи ишқам, ба ҳазорон уммед
Остин бар зада бар чидани гул сар кардам.
Шарфаи пои ту ногоҳ ба гӯшам бирасид,
Дили бесабрам аз андоза бурунтар битапид.
То ту чун кабк задӣ хандаи мастона зи ноз,
Синаам аз асари ваҷд чу дарё бидамид.
Омадӣ, ваҳ, ба дилам тозаумед овардӣ!
Аз бақодории ишқат ту навид овардӣ!
Марҳабо, эй шафақи субҳи дурахшони мурод,
Ёри дилбохтаро бахти сафед овардӣ!
эзоҳ
вироиш- ↑ Ҷашни 80-солагии шоир Алӣ Бобоҷон
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 59 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Алӣ Бобоҷон
- ↑ Зодрӯзи Алӣ Бобоҷон – адиби маъруфи кӯдакнависи тоҷик. 10 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 феврали 2017.