Алӣ Салим ал-Бейд
ар. علي سالم البيض | |
Таваллуд |
10 феврал 1939 (85 сол) |
Фарзандон | Amr Al Bidh[d] |
Ҳизб | |
Эътиқод | ислом |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алӣ Салим ал-Бейд ( ар. علي سالم البيض; тав. 1939 ) — Сиёсатмадори яманӣ, ноиби президенти Ямани муттаҳид, президенти Ҷумҳурии демократии Яман дар замони ҷанги шаҳрвандии соли 1994 (аз 21 май то 7 июли соли 1994).
Зиндагинома
вироишВай аз овони ҷавонӣ дар ҳаракати миллӣ-озодихохӣ фаъолона иштирок карда, аз лаҳзаи ташкил ёфтани он аъзои Ҷабҳаи озодихоҳии миллӣ буд. Дар курсҳои низомии Мисрии президент Ҷамол Абдуносир таҳсил кардааст.
Баъди эълон шудани истиқлолият дар соли 1967 вазифаҳои губернатори музофоти панҷуми Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман, вазири мудофиа (1967—1969), вазири корҳои хориҷӣ, вазири корҳои президентӣ, вазири нақшакашӣ буд. Соли 1980 ба Вазорати худидоракунии маҳаллӣ роҳбарӣ мекард. Дар ҳодисаҳои январи соли 1986 ӯро Алӣ Носир Муҳаммад ба қатл маҳкум кард.
Баъди муттаҳид шудани Яман муовини раиси ҷумҳури ин кишвар шуд [1]. Пас аз пахш кардани кӯшиши барқарор кардани истиқлолияти Ямани Ҷанубӣ ӯ ба Умон муҳоҷират кард. Аз соли 2009 - яке аз пешвоёни ҷунбиши ҷудоихоҳ, мухолифи Ал-Қоида буд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Густерін П. В. Єменська Республіка та її міста. М. 2006, стор. 178
Пайвандҳо
вироиш- Таърихи президентҳои Яман Бойгонӣ шудааст 17 октябри 2012 сол. [бойгонӣ 3 феврали 2013 дар WebCite ] (англ.)