Алӣ ибни Абдуллоҳ Оли Сонӣ

Алӣ бин Абдуллоҳ бин Ҷосим ибни Муҳаммад Сонӣ ар. علي بن عبد الله بن جاسم بن محمد آل ثاني25 июн 1895 Доха , Қатари усмонӣ — 31 августи 1974, Бейрут, Лубнон) — намояндаи оилаи шоҳҳии Қатар, амири Қатар (1949—1960). Ӯ ҳамчун аввалин амири Қатар маъруф буд, ки бо ҷаҳони берунмарзӣ фаъолона ҳамкорӣ карда, ба як қатор давлатҳо (Ҳиндустон, Миср, Лубнон, Аврупо ва Шом) сафар кардааст[1] .

Алӣ ибни Абдуллоҳ Оли Сонӣ
ар. علي بن عبد الله آل ثاني
Таваллуд 5 июн 1892(1892-06-05) ё 5 июн 1895(1895-06-05)
Даргузашт 31 август 1974(1974-08-31)
Мадфан
Дудмон House of Thani[d]
Падар Абдуллоҳ ибни Ҷосим оли Сонӣ
Фарзандон Аҳмад бин Алӣ Оли Танӣ, Muhammed bin Ali Al Thani[d] ва Q37531215?
Ҷоизаҳо
Honorary Knight Commander of the Order of the British Empire

Зиндагинома

вироиш

Дар оилаи Шайх Абдуллоҳ бин Ҷосим Оли Сонӣ таваллуд шудааст. Бародари хурдии ӯ Ҳамад ибни Абдуллоҳ Оли Сонӣ ва бародараш Ҳасан ибни Абдуллоҳ Оли Сонӣ[1][2] буд.

Моҳи августи соли 1949 баъд аз даст кашидан аз тахти падараш Шайх Абдуллоҳ амири Қатар эълон шуд. Дар давраи ҳукмронии ӯ таваҷҷӯҳ ба рушди маориф ва инфрасохтор буд. Пас аз даст кашидан аз тахт, ӯ чанд сол дар Қатар зиндагӣ карда, фаъолияти иҷтимоиро идома дод ва бо бисёре аз уламои мусалмон робита дошт.

Моҳи майи соли 1960 ҷияни Шайх Алӣ дар қароргоҳаш дар ш. Байрут ба ӯ сӯиқасди мусаллаҳона анҷом дод. Кӯшиши сӯиқасд, гӯё ба масъалаи молия марбут буд[3] . Худи ҳамон моҳ мухолифини қатарӣ дар Қатар ва 15 кишвари дигари араб варақаҳо паҳн карданд, ки дар он Шайх Алиро ба «сафари худ ба хориҷи кишвар дар ҳоле ки мардумаш аз муфлисиву беморӣ азоб мекашад» муттаҳам карданд. Овозаҳо дар бораи сарвати номутаносиби амири ҳукмрон дар матбуоти ғарбӣ паҳн шуда, иддао мекарданд, ки ӯ дар соли 1959 аз фоидаи нафти ҳукуматӣ, ҷамъ 50 миллион доллар, ӯ 12,5 миллион долларро азхуд кардааст[4] .

28 октябри соли 1960 ӯ ба фоидаи писараш Аҳмад бин Алӣ Оли Сонӣ даст кашид[4] .

Фарзандон

вироиш

Шайх Алӣ ибни Абдуллоҳ 14 фарзанд дошт: 11 писар ва 3 духтар.

Даргузашт

вироиш

Шайх Алӣ дар солҳои ахири умраш аз бемории қанд ранҷ мебурд ва дар хонааш дар Лубнон зиндагӣ мекард. Вай 31 августи соли 1974 дар беморхонаи Барбир дар ш. Байрут вафот кард. Ҷасади ӯро ба Қатар интиқол доданд ва дар қабристони Ал-Райён ба хок супурданд[1] .

Пайвандҳо

вироиш
  1. 1.0 1.1 1.2 Buyers, Christopher The Al Thani Dynasty (page 6)(пайванди дастнорас — таърих). Royal Ark. 10 ноябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 Декабри 2016.
  2. Buyers, Christopher The Al Thani Dynasty (page 5)(пайванди дастнорас — таърих). Royal Ark. 10 ноябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Декабри 2018.
  3. Sheik of Qatar is safe in a shooting, The Kansas City Times (31 май 1960), стр. 8. Бойгонӣ шудааст 11 ноябри 2016  сол. Проверено 10 ноябри 2016.
  4. 4.0 4.1 Yitzhak Oron. Middle East Record. — London: Weidenfeld & Nicolson Ltd, 1960. — Т. 1. — С. 406.