Амалиёти арзӣ
Амалиёти арзӣ — амалиётҳои арзӣ бо қонунҳои ҷумҳурӣ ё созишномаҳои байналхалқӣ танзим карда мешаванд. Амалиётҳои арзӣ тарзҳои амалӣ гардонидани уҳдадориҳои тарафҳо, ҳисоббаробаркунии онҳоро муайян менамояд. Амалиётҳои арзӣ хеле гуногун буда, аз предмети аҳд (арзи миллӣ, арзи хориҷӣ, тило ва ғайра), иштирокчиёни он (байнидавлатӣ ,ташкилотҳо, байни ширкатҳо, гражданҳо ва ғайра) вобастаанд. Амалиётҳои арзӣ ба хидматрасонӣ оид ба муносибатҳои савдои иқтисодӣ, кумаки маблағтузорӣ (инвеститсионӣ), пардохти хидматҳои техникӣ, гирифтани қарз ба мақсадҳои муайян, пардохти қарз бо маблағ барои таъмин намудани харидории объектҳои муайян ва ғайра вобастагӣ доранд.[1].
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.42-43